?>

Эҳтимоли идомаи ҳузури 600 низомии амрикоӣ дар Афғонистон

Эҳтимоли идомаи ҳузури 600 низомии амрикоӣ дар Афғонистон

Манобеи ғарбӣ аз эҳтимоли боқӣ мондани 600 низомии амрикоӣ ва шуморе аз низомиёни англис дар Афғонистон барои таъмини амнияти сафоратхонаҳо ва пешгирӣ аз суқути Кобул хабар доданд.

ABNA24 : Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи “Ди Сан” –и англисӣ ин матлабро ба нақл аз мақомҳои низомиву ғайринизомии англис навишта ва эълом кардааст, ки як пойгоҳи низомии Туркия барои амнияти фурӯдгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзай дар наздикии ин фурӯдгоҳ низ эҷод хоҳад шуд.

Хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) аз аввали май оғоз шуд ва қарор аст то пеш аз 11 сентябр такмил шавад ва манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки то кунун ҳудуди ниме аз низомиёни худро аз Афғонистон хориҷ кардаанд.

Гурӯҳи Толибон то кунун дар ин бора эъломи мавзеъ накардааст, аммо рӯзи гузашта, пас аз таблиғоти расонаҳо дар хусуси эҷоди пойгоҳи низомии Амрико дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба мақомоти ин кишварҳо ҳушдор дод ва таъкид кард, ки агар иҷоза диҳанд пойгоҳи низомии Амрико дар кишварҳои онҳо эҷод шавад, хомӯш нахоҳанд монд.

Гурӯҳи Толибон пеш аз ин гуфта буд то замоне ки як низомии хориҷӣ дар ин кишвар ҳузур дошта бошад, ба ҷанг алайҳи онон идома медиҳад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*