?>

Эъломи омодагии дабири кулли СММ барои ҳамкорӣ бо давлати Ҷумҳурии исломии Эрон

Эъломи омодагии дабири кулли СММ барои ҳамкорӣ бо давлати Ҷумҳурии исломии Эрон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме хитоб ба раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, аз омодагии СММ барои ҳамкорӣ бо давлати Ҷумҳурии исломии Эрон хабар дод.

ABNA24 : Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ дар паёме хитоб ба Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, бо табрики оғози даврони раёсати ҷумҳурии вай гуфт: Созмони Милали Муттаҳид ва дабири кулли он шахсан алоқаманд ба кор бо давлати ҷадиди Эрон барои таҳаққуқи сулҳу амният, тавсеаи пойдор ва ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ҳастем.

Дар матни паёми Антонио Гутерреш ба раиси Ҷумҳурии исломии Эрон омадааст: Оғози раёсати ҷумҳурии Шумо (Сайид Иброҳими Раисӣ) мусодиф бо давроне хатире барои Эрон, минтақа ва ҷаҳон буда, ҳамон гуна, ки бо чолишҳои роиҷи бисёре, аз ҷумла ҳамагирии бемории «Ковид – 19», тағйироти обуҳавоӣ ва ҳамчунин мунозиоти тӯлонӣ ва вайронгар, аз ҷумла дар Ғарби Осиё мувоҷеҳ ҳастем.

Дар паёми Гутерреш омадааст: Манобеи чашмгири инсонӣ ва табиии Эрон сармояе барои беҳбуди рифоҳи шаҳрвандон, ҳамчунин соири мардуми ҷаҳон ҳастанд.

Дабири кулли СММ дар паёми худ ба Раисӣ таъкид кард: Барои идомаи пешбурди арзишҳову ормонҳои мундариҷ дар эъломияи СММ бар ҳамкорӣ бо давлати Эрон ҳисоб боз мекунам.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*