?>

Чин ҳафт мақом ва ширкати амрикоиро таҳрим кард

Чин ҳафт мақом ва ширкати амрикоиро таҳрим кард

Вазорати хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа хабар дод дар вокуниш ба таҳримҳои ахири Амрико, ҳафт мақом ва ниҳоди амрикоиро таҳрим мекунад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи ҷумъа эълом кард, ки алайҳи ҳафт муассиса ва шаҳрвандони Амрико, аз ҷумла Вилбур Росс, вазири тиҷорати президенти собиқи ИМА Доналд Трамп таҳримот ҷорӣ мекунад.

 Вазорати хориҷаи Чин афзуд: Таҳримҳои ҷадид, посухи мустақим ба тасмими пешини Амрико дар таҳрими ҳафт мақоми дафтари иртиботи Ҳонг Конг будааст.

Амрико ҷумъаи пеш ҳафт мақоми чиниро ба баҳонаи он чӣ «саркӯби демократӣ дар Ҳонг Конг » хонда шуда ба феҳристи таҳримҳои худ изофа кард.

Бар асоси листе, ки тавассути Вазорати хазонадори Амрико мунташир шуда, ин таҳримҳо афродеро, ки дар дафтари иртиботии Чин дар Ҳонг Конг ҳастанд ҳадаф қарор додааст.

Пас аз он, Вазорати умури хориҷаи Чин дар баёнияе таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи он кишвар ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар дар Ҳонги Конгро маҳкум ва онро « ба шиддат густохона » тавсиф кард.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*