?>

Хуруҷи Трамп аз БарҶом иштибоҳе бузург буд

Хуруҷи Трамп аз БарҶом иштибоҳе бузург буд

Мақомоти Кохи Сафед хуруҷи Трамп аз тавофуқи ҳастаии Эронро ба далели чашмандозҳои мубҳам иштибоҳ медонанд.

ABNA24 – Торнамои “Политико” дар гузорише навишт, мақомоти Кохи Сафед дар робита бо парвандаи ҳастаии Эрон иқдоми якҷонибаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико, барои хуруҷ аз БарҶомро ба далели ояндае мубҳаму аҳдофе таърифнашуда маҳкум карданд.

Ин расона афзуд, ин интиқодот аз раиси ҷумҳурии пешини Амрико дар ҳоле матраҳ мешавад, ки музокироти ҳастаии Эрон ин рӯзҳо дар Вена дар ҷараён аст ва ба гуфтаи мақомоти Эрон пешрафтҳои қобили мулоҳизае дар он сурат гирифтааст.

Дар матлаби “Политико” иддао шуда, мақомоти Амрико ва Аврупо дар сурати ба натиҷа нарасидани музокирот то авоили феврал мумкин аст фишорҳои иқтисодӣ ва дипломатии бештареро бар Эрон таҳмил кунанд.

Ҷен Саки, сухангӯи Кохи Сафед аз тасмими Трамп барои хуруҷи "беҳадаф" аз тавофуқномаи БарҶом интиқод кард ва гуфт, ин иқдом бидуни тавваҷуҳ ба ин мавзуъ, ки дар оянда мумкин аст чӣ иттифоқе биафтад, гирифта шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико баъд аз хуруҷи якҷониба аз БарҶом дар соли 2018, дар ростои сиёсате мавсум ба фишори ҳаддиаксарӣ, илова бар бозгардондани таҳримҳои мутаваққифшудаи ин тавофуқ, таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон ҷорӣ кард.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*