?>

Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Миллал ба захираҳои энержии барқӣ-обии ин кишвар шуд

Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Миллал ба захираҳои энержии барқӣ-обии ин кишвар шуд

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон хостори тавваҷуҳи Созмони Миллали Муттаҳид ба зарфияти тавлиди барқи обӣ дар ин кишвар шуд .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек,Далери Ҷумъа дар нишасти ҳамкориҳои роҳбурдии Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид барои солҳои 2023 то 2026 гуфт, ки кишвараш хостори кумаки ниҳодҳои Созмони Миллал ба манзури бакоргирии зарфияти азими тавлиди барқи обӣ мебошад .

Вай таъкид кардааст, ки захираҳои солонаи тавлиди энержии барқӣ- обӣ дар Тоҷикистон 527 миллиард киловат-соъат мебошад, ки танҳо 20 миллиард киловат- соъат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон 20 миллиард киловатт соъат барқ тавлид шуд, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 5 дарсадиро нишон медиҳад .
Аммо таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар ин кишвар 12 миллиарду 100 миллион киловатт соъат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш наздик ба як дарсадиро нишон медиҳад .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*