?>

"Толибон" масири ронандаҳои тоҷикро "бурид"

Пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон шеваи овардану бурдани бор тавассути ин кишвар (аз) ба Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

ABNA24 : Бино ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо такя ба як манбаи хабарии Осиёи Марказӣ،Гуруҳи тундрави "Толибон" як моҳ пеш назорат бар аксар минтақаҳо ва марзу гузаргоҳҳои Афғонистонро ба даст гирифт. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

Як намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ронандаҳои мошинҳои борбар ба далели амниятӣ ҳоло фақат то сарҳади кишвари ҳамсоя мераванду бас. Пештар онҳо тавассути Афғонистон аз Покистон ҳам мол меовардаанд.
Ҳарчанд ин маҳдудият қаламрави ҳаракати ронандаҳои тоҷикро хурдтар кардааст, мақомот мегӯянд, воридоту содироти мол кам нашуд.
"Ҳоло мошинҳои мо то гузаргоҳи Шерхон-Бандар мераванд. Дар онҷо борро ба мошинҳои Афғонистон бор мекунанд ё баръакс борҳои меовардаро аз мошинҳои Афғонистон мегиранд", - шарҳ дод Хандонгул Доробова, сардабири нашрияи расмии Вазорати нақлиёт рӯзи .

Қаблан ронандаҳои мошинҳои борбар аз Тоҷикистон аз ҳаққи рафтан ба Қирғизистон маҳрум шуда, ба далели бемории коронавирус аз ҳудуди Чину Туркманистон ҳам гузашта наметавонанд.
Андрей Талаков, ронандаи мошини боркаш аз Тоҷикистон, мегӯяд, қаблан то ба Туркияву Чин ва Эрону Афғонистон бор мекашонд. Ҳоло мошинаш дар зери қабати ғафси чанг мунтазири муштарӣ истодааст.
Ӯ гуфт: "Мақомоти кишварҳои ҳамсоя қоидаҳо ва талаботи боркашониро пайваста тағйир медиҳанд. Ҳоло мошинҳо ба Афғонистон то Шерхон-Бандар ва ба Чин то гузаргоҳи Кулма рафта, борҳоро ба мошинҳои афғониву чинӣ бор мекунанд. Аз Афғонистон асосан барои захираҳои давлатӣ шакар меоранд. Аз Чин маҳсулоти ягон ширкатҳоро меоранд."
Ронандаҳои дигар мегӯянд, ҳарчанд пурра бекор намонданд, талабот ба корашон дар муқоиса ба солҳои пеш кам шуда, даромадашонро коҳиш додааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*