?>

Таҳлил: Нигоҳе ба аҳдофи чанд ваҷҳии сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Умон ва Қатар

Таҳлил: Нигоҳе ба аҳдофи чанд ваҷҳии сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Умон ва Қатар

Гуфтугӯҳо дар ҳавзаи равобити хориҷӣ, бо ҳадафи тасияи равобити Эрон бо ҳамсоягон шитоб гирифтааст.

ABNA24 – Дар идомаи ин раванд "Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён" вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайате аз мақомҳои баландпоя дар ҳавзаи сиёсатӣ хориҷи ба Умон сафар кард, ва дар идома бо азимат ба Қатар дидорҳои низ дар Дуҳа дошт.

Ин сафар дар ҳоле аст,ки музокирот дар " Вена" бо меҳвари рафъи таҳримҳои золимона ва ғайри қонунӣ зидди Эрон бо ҷидияти пайгир мешавад ва ба рағми фишорҳо ва коршиканиҳо, пешрафтҳои малмусе дар гуфтугӯҳо ҳосил шудааст.

Дар рӯзҳои ахир шумори мақомҳои кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла аз Туркаманистон ва Тоҷикистон нишастҳое бо мақомҳои Эрон доштаанд. Кишварҳои ҳамсояи ҷанубӣ Эрон дар ҳавзаи Халиҷи Фоср низ бо ирсоли паёмҳое хоҳони тақвиятӣ равобит бо Эрон, шудаанд.

Дар ҳамин росто дидорҳои байни ҳайатҳои сиёсии Эрон ва Арабистон барои аз саргирии равобити анҷом шуда ва сӯитафоҳумҳо то ҳудуди бартараф шудааст.

"Саъиди Хатибзода" сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабари бо хабарнигорон гуфт: Даври панҷуми гуфтгӯҳои Эрон ва Арабистон ба мизбонии Ироқ дар дастури кор аст ва ба рағми парвандаҳои ихтилофи миёни ин ду кишвар , бар мабнои маслиҳат, бо сароҳат ва талош ва робитаи пойдор ,гуфтугӯҳо идома меёбад. Дар ин нукта тардиди нест,ки аносири бегона дар минтақаи мухолиф равобити самимонаи байни Эрон ва кишварҳои ҳамсоя ҳастанд.Роҳбурди муштараки Амрико ва Исроил дар ин ҷиҳат эъҷоди ихтилофи,тарвиҷи Эронҳароси барои доғ кардани бозори фурӯши силоҳ аст. Компайни фишори ҳадди аксарии Амрико бар зидди Эрон низ дар ҳамин ҷиҳати пайваста ба дунболи тахриби равобит будааст.

Бадеҳи аст,Теҳрон ба дунболи беҳтарин равобит бо ҳамсоягон аст ва ҳифзи равобити мунҳасир ба фард ба вижа бо  Масқат        ва Дуҳа барои Эрон аз аҳамиятӣ музоафӣ бархурдор аст. Ин сафар низ дар ростои тақвияти муносиботи Эрон бо кишварҳои ҳошияии Халиҷи Форс сурат мегирад. 

Умон ва Қатар дар мавриди ҳамкории наздик бо Эрон дар мавриди бисёре аз масоъили минтақаи амалгаройна рафтор кардаанд. Мавозеъи ҳар ду кишвар токунун дар бораи заруратӣ риояти БарҶом бо Эрон мушобеҳ буда ва мақомҳои Умон ва Қатар дар дидорҳояшон бо мақомҳои Эрон таъкид кардаанд,ки ҳамаи кишварҳо бояд БарҶомро комил риоят кунанд.

Мақомҳои Умон дар мавозеъи сиёси ҳамвора бар асоси ҳусни ният бар пешрафти дипломати таъкид доштаанд ва ин вижаги боис шудааст,ки ҳамсӯйии бештаре дар нигоҳ ба масоили сиёси байни Теҳрон ва Масқат эъҷод шавад.

Муасисаи таҳқиқотии Стратфори Амрико чанде қабл дар гузорише навишт: Подшоҳи Умон дар робита бо ихтилофоти байни давлатҳои Халиҷи Форс, мавзӯъ бетараферо иттихоз намудааст".

Страдфор дар ин гузориш ёдовар мешавад ,км мустақим тавонистааст соҳиби як типломоти оли бошад ва барои худ робитаи вижае эъҷод кардааст,ки ба он иҷоза медиҳад воситаи хубе барои бисёри аз муноқишаҳо бошад.

Бар ин асос равобити Эрон ва Умон токунун равобити мустаъмар, собит ,пойдор ва рӯ ба рушт будааст. Мақомҳои ду кишвар ҳамвора бо якдигар дар ин ҷомеъаи байналмиллалӣ ,масоъили ду ҷониба ва минтақаъи гуфтугӯ ва табодули нзар доштаанд.

Изҳороти "Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саъид" муовини Султони Умон таъиди барҳамин рӯйкард кадааст.

Вай дар дидор бо  " Ҳусайнӣ Амир Абдуллоҳиён " вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба равобити наздик ва бародаронаи ду кишвар, густариши ҳамкориҳои фи мобайн ва алоқамандии Умон ба ифои нақш дар заминаи ҳамкории кишварҳо дар минтақаро мавриди таъид қарор доданд.

"Бадр бин Ҳаммад Ал-Бусаъиди" вазир умури хориҷаи Салтанатии Умон низ бо ишора ба зарфиятҳои иқтисодӣ ва манобеъи инсонии Эрон, бар иртиқои ҳамкориҳои ду ҷониба ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои иқтисодии минтақа таъид кард.

Таҷруба нишон додааст,ки манофеъи ҷамъи фақат дар чорчӯби ҳамкори ва тафоҳум муҳақақ хоҳад шуд.

Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Умон ва Қатар низ ки бо ҳадафи иртиқои сатҳи музокирот, тасмимсози ва таъини нақшаи роҳ барои тақвиятӣ равобити минтақаи анҷом шуда, аз ҳамин дидгоҳ дорои аҳаммияти чанд ваҷҳа аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*