?>

Тақсими кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба мардуми Афғонистон

Тақсими кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба мардуми Афғонистон

Ҷумҳурии исломии Эрон тақсими кумакҳои инсондӯстонаи худро ба мардуми Афғонистон оғоз кардааст.

ABNA24 – Тавзеи кумакҳои башардӯстонаи Эрон барои ҳазор хонаводаи ниёзманду ятим дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон оғоз шуда, ки шомили як киса орд, равған ва як киса биринҷ ва ақломи ғизоӣ аст, ки ба хонаводаҳо эҳдо мешавад.

Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон гуфт, касоне, ки мардуми ин кишварро дар бадтарин вазъияти мумкин раҳо карданд, бояд пулҳои масдудшудаи онҳоро ҳарчӣ зудтар озод кунанд то бахше аз мушкилоти иқтисодии афғонҳо бартараф шавад.

Дар чанд моҳи ахир сездаҳ маҳмула кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба мардуми ниёзманди Афғонистон аз масирҳои заминиву ҳавоӣ ба ин кишвар мунтақил шуд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*