?>

Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба; меҳвари дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи вижаи Чин

Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба; меҳвари дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи вижаи Чин

Намояндаи вижаи Чин дар умӯри Авруосиё бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ таъкид шуд .

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо Ли Хуэй-намояндаи вижаи Чин дар умӯри Авруосиё бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ таъкид шуд .

Дар иттилоъияи Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон омадааст : Ин дидор дар остонаи сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Тоҷикистону Чин, ки рӯйдоди муҳимме дар таърихи равобити ду кишвари дуст ба шумор меояд, сурат гирифт .
Муҳриддин ва Хуэй бо ибрози ризоят аз сатҳи мавҷуди ҳамкориҳо ба он ишора карданд, ки таи се даҳаи барқарории равобит миёни ду кишвари дӯст, масири тӯлонӣ паймуда шудааст, ки мамлу аз рӯйдодҳои муҳим буда ва дар сояи талошҳои муштарак ба сатҳи мушорикати роҳбурдии ҷомеъ расидааст .
Ҳамчунин ду тараф дар хусӯси тавсеъаи бештари равобити дуҷониба баҳсу табодули назар карданд ва бар лузӯми иҷрои тавофуқоти сарони ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд .
Муҳриддин ва Хуэй нисбат ба тақвияту густариш ҳарчӣ бештари равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, саноъатӣ, энержӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фаннӣ, фарҳангӣ ва омӯзишӣ тавваҷуҳи вижае нишон доданд . Ду тараф дар хусӯси густариши равобити дуҷониба миёни Тоҷикистону Чин дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва ҳамчунин вазъияти амниятии минтақа табодули назар карданд .
Қобили зикр аст, ки сафари намояндаи вижаи Чин дар умӯри Авруосиё ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчуби иқдомоти марбут ба сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Чин ва кишварҳои минтақа анҷом шуд .
Чин ҷузъи нахустин кишварҳое буд, ки истиқлол ва ҳаққи ҳокимияти миллии Тоҷикистонро дар 4 январи соли 1992 ба расмият шинохт, ки ин иқдом имкони барқарории фаврии равобити ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои чандҷонибаи судманд дар заминаҳои мухталифро фароҳам кард.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*