?>

Таъхир дар пардохти ҳаққи узвияти Эрон дар СММ ба сабаби таҳримҳои золимонаи Амрико аст

Таъхир дар пардохти ҳаққи узвияти Эрон дар СММ ба сабаби таҳримҳои золимонаи Амрико аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, муттаассифона, барои дуюмин соли паёпай ва ба далели таҳримҳои золимонаву ғайриқонунии Амрико пардохтҳои ҳаққи узвияти Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

ABNA24 – Саиди Хатибзода бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои поягузору фаъоли СММ худро мутааҳҳид ба пардохти комил ва бамавқеи ҳаққи узвият дар ин созмон ва дигар созмонҳову ожонсҳои байналмилалӣ медонад, хотирнишон кард: Бо вуҷуди монеаҳои зиёди эҷодшуда, давлати Ҷумҳурии исломии Эрон манобеи лозимро барои пардохти ҳаққи узвияти худ дар СММ фароҳам оварда ва дар ҳоли анҷоми ройзаниҳои зарурӣ барои ҳаллу фасли мавзуъ мебошад.

Хатибзода дар идома афзуд, дар айни ҳол тадоруки канале амн ҷиҳати пардохти зудтари ҳаққи узвият мадди назар аст.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, шоиста аст дабири кулли СММ ва дабирхона низ шароити вижаи кишварҳои мувоҷеҳ бо таҳримҳои ғайриқонуниро ба таври хос мадди назар қарор диҳанд ва аз мусоидат ба ин кишварҳо барои пардохти саҳмияи худ мусоидат намоянд.

Манобеи хабарӣ сооте пеш гузориш доданд, 8 кишвар, аз ҷумла Эрон ба далели пардохт накардани ҳаққи узвият, ҳаққи раъйи худ дар Созмони Милали Муттаҳидро аз даст додаанд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*