?>

Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар тарбияти насли дорои ҳувияти миллӣ барои таҳаққуқи тамадуни шукуфои исломӣ

Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар тарбияти насли дорои ҳувияти миллӣ барои таҳаққуқи тамадуни шукуфои исломӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омӯзиш ва парваришро тарбияткунандаи насли тамадунсоз хонд ва гуфтанд: Насли навҷавон ва ҷавон бояд дорои ҳувияти миллӣ ва ислмӣ-эронӣ, эътимод ба нафс, муқовим, огоҳ аз андешаҳои Имом ва ормонҳо, донишманд ва коромад парвариш ёбад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз чоршанбе дар дидори садҳо тан аз муъаллимон ва фарҳангиёни Эрон бо ишора ба ҳадафи баландмуддати эҷоди тамадуни навин ва шукуфои исломӣ таъкид карданд манобеъи инсонӣ, зерсохти ҳартамадуни ба шумор меравад ва барпокунандагони тамадуни навини исломӣ насле ҳастанд, ки акнун дар ихтиёри муъаллимон қарор доранд бино бар ин аҳамият ва арзиши комили муъаллимонро бояд аз ин қисмат дарк кард.

  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Ин насл бо ин ҳадафи бисёр бузург бояд дорои ҳувияти эронӣ-исломӣ, эътиқодоти муҳкам ва амиқ, дорои эътимод банафс, худсохта, ҳушёр дар баробари тамадунҳои аз байн рафтаи шарқу ғарб, донишманд ва коромад бошад то битавонад он тамадуни бузургро ташкил диҳад.
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба тарбияти унсурҳои барҷаста дар омӯзиш ва парвариш баъд аз инқилоб афзуд ба баракати талоши муъаллимон дар чор даҳҳаи ахир унсурҳои коромад дар арсаҳои мухталиф рушд ёфтанд, аммо кофӣ нест ва барои он тамадуни шукуфо бояд ин гуна парваришҳо фарогир шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дарки арзиши исодагӣ ва муқовим буданро аз ниёзҳои донишомӯзон донистанд ва гуфтанд: Дар ҷаҳоне, ки ҳар кас чи шарқӣ чи ғарбӣ зур мегӯяд, насли оянда бояд арзиш ва аҳамияти истодагиро аз ҳамакнун биёмузад то дар партави ин омузаҳо тамадунсоз шавад ва миллат ва кишварро иззатманд созад.  

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*