?>

Таъкиди раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар ҳимояти Эрон аз мардуми Афғонистон

Таъкиди раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар ҳимояти Эрон аз мардуми Афғонистон

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба шароити кунӯнии Афғонистон бар ҳимояти Эрон аз мардуми он кишвар таъкид карданд.

ABNA24 : Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи шанбе дар дидори аъзои ҳайати давлати Эрон, Афғонистонро кишвари бародар, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги Эрон хонданд ва бо ибрози таассуфи амиқ аз мушкилоти мардум, аз ҷумлаи ҳодисаи рӯзи панҷшанбеи фурудгоҳи Кобул, гуфтанд, ин мушкилоту сахтиҳо кори амрикоиҳо аст, ки 20 сол кишварро ишғолу анвоъи зулмро ба мардуми он таҳмил карданд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо баршумурдани осори манфии ҳузури Амрико дар Афғонистон аз ҷумла бомбаборони маҷолиси арӯсӣ ва азо, куштори ҷавонон, зиндонӣ кардани бе далели бисёре аз мардуму афзоиши даҳҳо баробарии тавлиди маводи мухаддир гуфтанд, Амрико як қадам ҳам барои пешрафти Афғонистон барнадошт ва Афғонистони имрӯз агар аз лиҳози пешрафтҳои маданӣ ва умронӣ аз 20 сол қабл ақабтар набошад, ҷилавтар нест. Эшон дар хусӯси мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ тасреҳ карданд, мо тарафдори миллати Афғонистон ҳастем, чаро ки давлатҳо ҳамчун гузашта меоянд ва мераванд, аммо миллати Афғонистон аст, ки боқӣ мемонад.

Суханони ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи корномаи пур аз шикасти Амрико дар Афғонистон пас аз 20 сол ишғоли ин кишвар, нишон медиҳад, ҳамон гуна, ки дар чанд соли гузаштаи Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ карда буд, Амрико маҷбур шуд пас аз нокомии комил дар ҷанг бо ифротгароӣ дар Афғонистон, хоки ин кишварро бо сарафкандагӣ тарк кунад.

Кохи Сафед дар ҳоле ба ҳузури низомии худ дар Афғонистон хотима дод, ки пас аз гузашти ду даҳа аз ишғоли Афғонистон, Амрико натавонист ҳеҷ як аз шиорҳо ва ва иддеаҳои худро дар он кишвар амалӣ кунад.

Мироси Амрико дар солҳои ишғоли Афғонистон, хисоратҳои ҷуброннопазир дар куштори мардуми бегуноҳ ва ҳамчунин аз байн бурдани зер сохтҳои асосии ин кишвар аст, ки беш аз гузашта чеҳраи ҳилагароёнаи ҳокимони Кохи Сафедро барои ҷаҳониён ошкор кард.

Амрико дар ду даҳа ҳузури бесамар дар Афғонистон, зимни онки терроризму маводи мухаддир дар ин кишварро густариш дод сабаб шуд то кумакҳои молии байналмилалӣ ба Афғонистон низ тавассути ширкатҳои хориҷӣ дар чархаи сӯиистифодаи молӣ ва ҳамчунин ихтисоси ин кумакҳо ба пружаҳои ғайри зарур ҳадар биравад ва ҳамон гуна, ки раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ фармуданд, иқдомоти Амрико сабаб шуд то Афғонистон аз лиҳози пешрафтҳои маданӣ ва ободонӣ аз 20 сол қабл ақибтар бошад.

Хуруҷи Амрико аз Афғонистон ин фурсатро барои мардум, фаъолони сиёсӣ ва гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар ин кишвар фароҳам кардааст, ки бо канор гузоштани ихтилофот ва манофеи маҳдӯди гуруҳӣ, битавонанд бо иттико ба асли гуфтугӯ ва иҷмоъ бар сари манофеъи миллӣ, бистари муносибе барои ташкили давлате фарогир дар Афғонистон муҳайё кунанд.

Дар чанд даҳаи гузашта, ки Афғонистон даргири ҷанги дохилӣ ё ишғоли хориҷӣ будааст, хати собити сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ҳимоят аз мардуми Афғонистон будааст, ки ин сиёсати роҳбурдӣ дар мақотеъӣ дар қолаби пазириши муҳоҷирони афғон дар дохили Эрон ё кумак ба бозсозии он кишвар дар дастикам ду даҳаи гузашта, мисдоқ ёфтааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*