?>

Тафсир : Дидори раиси ҷумҳурии Эрон аз Тоҷикистон ; оғози фасли тоза барои ҳамкорӣ

Тафсир : Дидори раиси ҷумҳурии Эрон аз Тоҷикистон ; оғози фасли тоза барои ҳамкорӣ

Доктор Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ба даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ҳузур дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе сафар кардааст,имрӯз шанбе пас аз поёни иҷлоси Шанхай, бо истиқболи расмӣ аз сӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидори дуҷониба аз ин кишварро оғоз кард.

ABNA24 : Раиси ҷумҳури Эронро дар ин сафар ҳайати баландпояе аз мақомҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳӣ мекунад .

Дар поёни дидору гуфтугӯҳои Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва мақомоти ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти Тоҷикистон,тарафҳо 6 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, як тавофуқнома ва як протоколи фаннии ҳамкориҳои гумрукӣ ба имзо расонданд .
Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон, ки раиси ҷумҳӯрро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, аз сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба шаҳри Кулоб низ хабар дод ва гуфт : Яке аз орифони бузурги Эрон дар ин шаҳр мадфун аст, ки чеҳраи муқаддасе барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад ; дар он ҷо барномаи мардумӣ барои истиқбол аз раиси ҷумҳурии Эрон ва ҳамчунин эҳтиром ба ин орифи бузург тадорук дида шудааст .
Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз истиқлоли кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ба далоили пайвандҳои фарҳангӣ ва динӣ ва манофеъи муштараки сиёсӣ –иқтисодӣ ҳамвора ба таҳкими равобити худ дар ин минтақа алоқаманд будааст. Дар ин раванд Тоҷикистон ба далели наздикии забонӣ ва фарҳангӣ бо Эрон бо таъкиди музоъаф, яке аз меҳварҳои аслии дипломосии Эрон дар минтақа будааст .
Саидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон пештар низ дар дидор бо Муҳаммадтоҳир Зокирзода-раиси маҷлиси Тоҷикистон, ки барои ширкат дар маросими савгандёди раёсати ҷумҳурӣ ба Эрон сафар карда буд, равобити ду кишварро устувор бар ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ донист ва гуфт : Равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити оддии ду кишвар бо якдигар аст ва бояд бо такия ба наздикиҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ барои иртиқои сатҳи ин равобит гомҳои ҷиддӣ бардошта шавад .
Ҳавзаи иқтисодӣ дар ҳоли ҳозир яке аз муҳимтарин ҷилваҳои ҳамкории байни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон аст .
Тоҷикистон кишваре бо зарфияти табдил шудан ба як шарики бузурги иқтисодии Эрон дар Осиёи Марказӣ аст, ки метавонад аз тариқи банодири ҷанубии Эрон ба обҳои озод дастрасӣ дошта бошад .
Ба гуфтаи коршиносон Эрону Тоҷикистон илова бар густариши ҳамкориҳо дар заминаи иҷрои пружаҳои нафт, неругоҳ ва обанборсозӣ, дар ҳавзаи саноъати ғизоӣ, фулуззот ва гардишгарӣ низ зарфияти болое барои ҳамкорӣ доранд, ки дар ин робита бахши хусӯсии ду кишварро метавон ба якдигар пайванд кард . Яке аз муҳимтарин санадҳои ҳамкории байни ду кишвар дар ҳавзаи сармоягузорӣ аст, ки дар тӯли солҳои гузашта мунҷар ба иҷрои чанд пружаи муваффақ аз ҷумла сохти нерӯгоҳи обӣ- барқии Сангтуда ва тунели Истиқлол шуда, ки имрӯза аз онҳо ба унвони намодҳои ҳамкории дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон ёд мешавад.
Аз ҷанбаи сиёсати хориҷӣ низ метавон гуфт, ки аз нигоҳи Тоҷикистон Эрон кишваре аст, ки аз аҳамияти болое назди сиёсатгузорони тоҷик бархурдор аст .
Нақши Эрон дар барқарории сулҳу оромиш дар Тоҷикистон ва талошҳои бардавоми Эрон дар заминаи ҳифзи суботу амният дар минтақа ва кумак ба барқарории сулҳ дар Афғонистон аз нигоҳи Тоҷикистон дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст . Бавижа онки акнун Эрон узви доими Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад .
Ба дунболи истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 сентябри 1991, Ҷумҳурии исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли ин кишварро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард . Тавваҷуҳи Эрон ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ дар ростои нигоҳ ба Шарқ қобили таҳлил ва арзёбӣ аст . Аз ин дидгоҳ тавофуқоте, ки дар чорчуби нахустин сафари Саидиброҳими Раисӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳосил мешавад, қатъан фасли тозаеро дар равобити ду кишвар хоҳад гушуд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*