?>

Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а)

Таслияти солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а)

Эрони исломӣ дар солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а) дар ғаму андуҳ сиёҳпул аст.

ABNA24 – Имрӯз панҷшанбе 15 раҷаби соли 1443 ҳиҷри қамарӣ баробар бо 17 феврали 2022, солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а) набераи Паёмбари гиромии Ислом(с) ва фарзанди ҳазрати Фотима(а) ва Ҳазрати Алӣ(а) аст, ҳазрати Зайнаб(а) дар канори бародарашон ҳазрати Имом Ҳусайн(а) бо ҷараёни иртиҷои ва мунҳарифе мубориза мекарданд, ки ба исми дифоъ аз Ислом, фоҷеъаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд оварданд. Эшон пас аз шаҳодати бародари бузургаворашон Имом Ҳусайн(а) ва ёрони бовафояш, ба ҳамроҳи дигар хонадони Аҳлубайти исмат ва таҳорат(а) ба асорат бурда шуданд аммо дар ҳамин асорат, бо хутбаҳои пуршуру мантиқӣ, моҳияти пасту фосиди бани Умаяро ифшо карданд. Наҳзати хунини Имом Ҳусайн(а) бо ифшогариҳои ҳазрати Зайнаб(а) дар Куфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукумати фосиди Язид, аҳдоф ва фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн(а)-ро барои ҳамеша мондгор кард, ҳазрати Зайнаб(а) дар соли 63 ҳиҷри қамари вафот карданд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб(а)-ро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон таслият мегуяд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*