?>

Тавофуқи Эрону Қирғизистон барои истифода аз Бандари Аббос

Тавофуқи Эрону Қирғизистон барои истифода аз Бандари Аббос

Қирғизистон муҷаввизи транзити заминӣ аз Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамли коло аз Бандар Аббосро дарёфт кард .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори дуҷониба Руслан Қаззоқбоев-вазири хориҷаи Қирғизистон ва Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳошияи маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бар истифодаи Бишкек аз Бандар Аббос тавофуқ шуд.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон дар ин бандар зерсохтҳои лозим ба ҳамроҳи қитъаи замине ҷиҳати транзити коло аз Қирғизистон фароҳам мешавад .
Вузарои умӯри хориҷаи Эрону Қирғизистон дар ин дидор ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дар мавриди охирин вазъияти Афғонистон гуфтугӯ ва табодули назар карданд .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*