?>

Тавлиди намоҳанг ба чаҳор забони англисӣ, урдӯ, арабӣ ва тоӣ барои тарвиҷи маорифи арбаъин

Тавлиди намоҳанг ба чаҳор забони англисӣ, урдӯ, арабӣ ва тоӣ барои тарвиҷи маорифи арбаъин

Раиси идораи умӯри байналмилали ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма ( с ) аз тавлиди намоҳанг дар фазои маҷозӣ хабар дод .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Камоли Ардаконӣ-раиси идораи умӯри байни алмилали ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма ( с ) гуфт : Ин идора ба манзури тарвиҷи маорифи арбаъин дар фазои маҷозӣ ба тавлиди намоҳангҳои « Ҳуб ал-Ҳусайн » ба чаҳор забон иқдом кардааст .

Ардаконӣ афзуд : Маросими азодории арбаъин ба забонҳои арабӣ ва урдӯ низ ( якшанбе ) ва ( душанбе ) дар ҳарами мутаҳҳари бонӯи каромат баргузор мешавад .
Раиси идораи умӯри байналмилали ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма ( с ) ҳамчунин гуфт : Тавлиди ду барномаи коршиносӣ ба муносибати арбаъини ҳусайнӣ ба забони урдӯ бо мавзӯи фалсафаву фазилати зиёрати арбаъин барои нашр дар сафаҳоти урдӯзабон ва тавлиди як клипи вижаи пиёдаравии арбаъин ба забони арабӣ ва ду намоҳанги англисӣ бо мавзӯи хутбаи имоми Саҷҷод ( ъ ) аз дигар фаъолиятҳои идораи умӯри байналмилали ҳарами мутаҳҳари бонӯии каромат дар айёми арбаъини ҳусайнӣ аст .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*