?>

Табрики солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а)

Табрики солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а)

Солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а) муборак бод.

ABNA24 : Ҷумъа, 15 Шаъбони 1443 ҳиҷрии қамарӣ - мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати имом Маҳдӣ алайҳиссалом, набераи гиромии паёмбари акрам (с) аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи Шаъбоналмуаззами соли 255 ҳиҷрии қамарӣ дида ба ҷаҳон кушоданд.

Падарбузурги эшон - ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом ва модарашон бонӯи гиромӣ Нарҷис (с) ном доштанд.

Ҳазрати Маҳдӣ бар асоси риҷоёти аҳли ташайюъ ду давра ғайбат дошт, яке кӯтоҳмуддат (ғайбати суғро) ва дигаре дарозмуддат (ғайбати кубро), ки аввалӣ аз ҳангоми таваллуд то поёни даврони ниёбати хоса идома доштаву дувумӣ бо поёни давраи нахуст оғоз шуд ва то ҳангоми зуҳур ва қиёми он ҳазрат тӯл хоҳад кашид.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи мелоди Маҳдии мавъуд - Имоми Замон (аҷ) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва дигар озодихоҳон табрик мегӯяд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*