?>

Табодули паёми табрикӣ миёни раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин

Табодули паёми табрикӣ миёни раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ши Ҷи Пинг, раиси ҷумҳурии халқи Чин ба муносибати сиввумин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии халқи Чин паёмҳои табрикотӣ фиристоданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ши Ҷи Пинг, раиси ҷумҳурии халқи Чин омада аст: Мояи хурсандӣ аст, ки дар ин муддат равобити дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи ҳар ду тараф ба таври пайваста тавсиа ёфта ва ба сатҳи болои мушорикати роҳбурдии ҷомеъ расида аст.

Дар паёми табрикотии Ши Ҷи Пинг, раиси ҷумҳурии халқи Чин ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуда аст: Ба муносибати сивумин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ҷумҳурии халқи Чин ва ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи давлати ҷумҳурии халқи Чин ва шахси Худам, самимона табрик ва орзуи беҳтаринҳоро барои шумо ва мардуми Тоҷикистон тақдим мекунам.

Дар давоми 30 соли гузашта, равобити Чин ва Тоҷикистон ба зудтарин ва болотарин сатҳи таърих даст ёфта аст. Тоҷикистон ва Чин дар рӯзи 4 январи соли 1992 равобити дипломати барқарор карданд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*