?>

Созмони Миллал : Шумори қурбониёни як даҳаи гузашта дар Сурия аз 350 ҳазор нафар гузашт

Созмони Миллал : Шумори қурбониёни як даҳаи гузашта дар Сурия аз 350 ҳазор нафар гузашт

Созмони Миллали Муттаҳид эълом кард : Байни марти соли 2011 то марти соли 2021, 350 ҳазору 209 фарди шиносоишуда дар даргириҳои Сурия кушта шуданд.

ABNA24 : Ба гузориши Сен-Хуа, Мишел Башелет- комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар гузорише, ки ба чиҳилу ҳаштумин ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи башар ироа кард, гуфт : Ин арқом фақат шомил афроде мешавад, ки бо номи комил бо таърихи марг мушаххас шуда ва дар устони мушаххасе фавт кардаанд.

Башелет таъкид кард: Ҳар гуна иттилооте, ки шомили ин се унсур набошад, ҳазф шуда ва як баррасии ҷомеъ барои ҷилавгирӣ аз савобиқи такрорӣ анҷом шудааст.
Комиссари олии ҳуқуқи башари созмони Миллали Муттаҳид тасреҳ кард : Аз миёни 305 ҳазору 209 фарди шиносоишуда, ки дар ин даргирӣ кушта шудаанд, тақрибан аз ҳар 13 нафар як зан ва як нафар кудак будааст .
Башелет хотирнишон кард: Ба таври қатъӣ теъдоди кушташудагони ин даргирӣ бештар будааст, аммо танҳо ин теъдод аз қурбониён ба таври комил шиносоӣ шудаанд .
Сурия аз соли 2011 шоҳиди ҷанги низоми ин кишвар бо гуруҳҳои террористӣ аст ; гуруҳҳое ки аз шаҳрвандони беш аз 100 кишвар узв доранду таҳти ҳимояти қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ низ ҳастанд. Ҳадафи аслии ин ҷанг барандозии низоми Сурия буд, аммо пас аз як даҳа на танҳо ин ҳадаф амалӣ нашуд, балки низоми Сурия дасти бартарро дар таҳаввулоти майдонӣ дорад ва танҳо дарсади андаке аз ҷуғрофиёии ин кишвар дар Идлиб ва шимолу шарқи Сурия дар ихтиёри гуруҳҳои террористӣ ва ниманизомиён қарор дорад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*