?>

Сафари раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ба Кӯлоб

Сафари раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ба Кӯлоб

Раиси ҷумҳури Эрон дар охирин рӯз аз сафар ба Тоҷикистон, ба манзури зиёрати оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва дидор бо мардуми Кӯлоб, озими ин шаҳр шуд.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Раисиро дар сафар ба Кӯлоб ҳамроҳӣ мекунад.

Раисӣ илова бар зиёрати оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз мӯзеи он низ боздид карда ва дар ҷамъи истиқболкунандагон, суханронӣ хоҳад кард.

Мирсаид Алии Ҳамадонӣ 12 раҷаби 714 ҳиҷрии қамарӣ дар Ҳамадон мутаваллид шуд ва дар зилҳҷаи 786 ҳиҷрии қамарӣ даргузашт.

Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз ҷумлаи шахсиятҳои маънавии мавриди эҳтиром дар Тоҷикистон ва шибҳи қораи Ҳинд аст.

Вай ҳофизи Қуръони карим буд ва густариши бисёре аз ҳунарҳои қуруни гузашта дар минтақаи Кашмирро бо номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ пайванд медиҳанд, ҳунарҳое монанди шолбофӣ, бофандагӣ, суфолгарӣ ва хушнависӣ аз бозмондаҳои мероси Шоҳи Ҳамадон ва 700 ҳамроҳи ҳунарманди ӯ башумор меояд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*