?>

Сафари вазирони хориҷа ва дифои Амрико ба халиҷи Форс: Талош барои эътимодсозии дубора

Сафари вазирони хориҷа ва дифои Амрико ба халиҷи Форс: Талош барои эътимодсозии дубора

Энтони Блинкен ва Ллойд Остин, вазирони хориҷа ва дифои Амрико шомгоҳи якшанбе дар сафарҳои ҷудогона озими халиҷи Форс шуданд то бо сарони кишварҳои муттаҳид ва шарики Амрико дар ин ҳавза дидору гуфтугӯ кунанд. Ин ду мақоми амрикоӣ қарор аст бо сарони ин кишварҳо дар бораи зуҳури муҷаддади таҳдидҳо аз ҷониби Афғонистон баҳсу гуфтугӯ кунанд.

ABNA24 : Хуруҷи шармандавори Амрико аз Афғонистон, ки ба иддаои Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико ба манзури раҳо шудани ин кишвар аз даргирӣ дар ҷангҳои бепоён рух дод, аз дидгоҳи ҷаҳонӣ ва ҳатто аз нигоҳи муттаҳидони Вашингтон ба манзалаи намоде аз уфули ҷойгоҳи Амрико аз мавқеияти худ ба унвони як қудрати таъсиргузори ҷаҳонӣ талаққӣ шудааст.

Акнун муттаҳидони минтақаии Амрико, аз ҷумла дар халиҷи Форс дар бораи пойбандии Вашингтон ба тааҳҳудоти амниятӣ дар қиболи шарикони худ дучори тардид шудаанд.

Ба ҳамин далел, ба назар мерасад ҳадафи аслии сафари вазирони хориҷа ва дифои Амрико ба ин ҳавза, итминондеҳии дубора ба муттаҳидони Вашингтон дар ин бора аст, ки тасмими Байден барои поён додан ба ду даҳаи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон ва тамаркузи бештар бар чолишҳои амниятии Чину Русия ба маънои раҳосозии муттаҳидону шуракои худ дар Ғарби Осиё нест.

Албатта, интизор меравад то ин ду мақом, ба вижа вазири хориҷаи Амрико бо кишварҳое монанди Арабистони Саудӣ барои пазириши паноҳҷӯёни афғон музокира карда ва дар айни ҳол хоҳони нақшофаринии бештари Қатар дар расидагӣ ба буҳрони Афғонистон шаванд.

Амрико чандин даҳа аст, ки дар халиҷи Форс ба баҳонаи ҳифозат аз амнияти муттаҳидонаш ҳузури низомии пурранге дорад ва дар ин росто мақарри фармондеҳии новгони панҷуми нерӯи дарёии Амрико дар Баҳрайн мустақар аст.

Байден бо вуҷуди он ки Чинро авлавияти амниятии Амрико хондаву муддаии рӯёрӯӣ бо чолишҳои роҳбурдӣ аз ҷониби Русия аст, дар мавриди поёни эҳтимолии ҳузури нерӯҳои Амрико дар минтақаи халиҷи Форс то кунун суҳбате накардааст. Аз ин рӯ, тасаввур бар ин аст, ки бо вуҷуди поён додан ба ҳузури низомиёни Амрико дар Ироқ дар ояндаи наздик ва низ бархе коҳишҳо дар заминаи таҷҳизот ва неруҳои Амрико, мустақар дар минтақа, аммо Вашингтон ҳамчунон дар халиҷи Форс ҳузури низомии худро ҳифз намояд.

Ллойд Остин қабл аз сафари худ ба халиҷи Форс гуфт, ки мутамаркиз мондан бар таҳдидҳои террористӣ ба маънои иқдомҳои ҳаддиаксарӣ алайҳи ҳар гуна таҳдид нисбат ба мардуми Амрико аз сӯи ҳар макони ҷуғрофиёӣ аст, ҳатто агар Иёлоти Муттаҳида тамаркузи худро бар чолишҳои роҳбурдӣ аз ҷониби Чин қарор диҳад.

Ин мавзеъгирӣ ба маънои қасди Пентагон барои идомаи ҳузури новҳои амрикоӣ дар халиҷи Форс ва низ идомаи фаъолияти пойгоҳҳои он дар минтақа, аз ҷумла пойгоҳҳои Амрико дар Қатар, Кувайт ва Иморот аст.

Бо ин ҳол, ин ҳузури низомӣ натавониста амнияти шуракои Вашингтон, ба вижа Арабистони Саудиро дар муқобили ҳамалоти мушакиву паҳподии яманиҳо тазмин намояд.

Бо вуҷуди ибрози итминонҳои мақомоти Вашингтон дар бораи идомаи  пойбандии Амрико ба тааҳҳудоти амниятии худ дар қиболи шурако ва муттаҳидони минтақаиаш дар Ғарби Осиё, ба вижа дар халиҷи Форс, аммо воқеият ин аст, ки зарбаи сахте ба эътибори Амрико пас аз расвоии хуруҷи низомии ин кишвар аз Афғонистон ворид шудааст.

Ин амр ба тасвири Амрико дар ҷаҳон зарбаи муҳлике ворид кард ва тардидҳоеро дар бораи ҷойгоҳи Вашингтон назди ҳампаймононаш барангехтааст. Торнамои амрикоии “Ҳилл” дар ин замина навишт: Суқути Афғонистон дар паи хуруҷи Амрико фоҷеае аст, ки метавонад авоқиби талхе барои эътибори Вашингтон дар саҳнаи ҷаҳонӣ, ба вижа дар муқобили Русия ва Чин дошта бошад.

Бо хуруҷи шармандавор ва дар воқеъ фирори Амрико аз Афғонистон ва эътирофи Байден ба адами таҳаққуқи аҳдофи мадди назар дар ин кишвари ҷангзада, тасвири Иёлоти Муттаҳида ба унвони як қудрати ҷаҳонии муътабар, ки битавон ба ваъдаҳои он эътимод кард, комилан махдуш шудааст.

Ҳенри Киссинҷер, сиёсатмадори амрикоӣ мегӯяд: Ҳеҷ иқдоми стротегии чашмгире дар ояндаи наздик дар дастрас нест то ба унвони мисол бо эҷоди тааҳҳудоти расмии ҷадид дар манотиқи дигар ин шикастро ҷуброн кунад. Саҳлангории Амрико дар миёни муттаҳидон ноумедӣ ба вуҷуд меоварад, душманонро дилгарм мекунад ва муҷиби сардаргумии нозирон мешавад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*