?>

Сарлашкар Саломӣ : Саноеъи дифоӣ неруи пешрони санъату фанноварии кишварҳо аст

Сарлашкар Саломӣ : Саноеъи дифоӣ неруи пешрони санъату фанноварии кишварҳо аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавсеъаи саноеъи дифоиро неруи пешрони санъату технологии кишварҳо аз ҷумла Эрон унвон кард.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эронпресс, сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи роҳбурдии худкафоӣ ва илҳоқи таҷҳизоти баррасӣ ва хунсосозӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Эрони исломии сарбаланд дар мақотеъи мухталифе собит кардааст, ки аз фарози мушкилот ва аз фарози иродаҳои душману нақшаҳои шуму хатарноки ӯ убур мекунад ва монеъаҳоро пушти сар мегузорад ва ба ниёзҳои худ посух медиҳад ва барои ниёз ба душман паноҳ намеоварад .Сардор Саломӣ афзуд : Омӯхтаем ҳалли тамоми мушкилот дар даруни ҷомеъа, зеҳн, боварҳо, эътиқодоту эътимод ба нафаси мо муяссар мешавад . Ин як фарҳанг, эътиқод, ҳақиқат ва як ҷараёни пешраванда дар инқилоби мост, ки имрӯз мебинем дастовардҳо рӯз ба рӯз нав мешавад ва таваққуфе надорем .

Вай хотирнишон кард : Ончи имрӯз дида мешавад тоза аввали моҷарост . Ин достон идома дорад ва ин пешрафтҳо ҳаргиз мутаваққиф намешавад .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*