?>

Сарлашкар Саломӣ: Кинаву буғзи амрикоиҳо ба Сипоҳи посдорон тамомнашуданӣ аст

Сарлашкар Саломӣ: Кинаву буғзи амрикоиҳо ба Сипоҳи посдорон тамомнашуданӣ аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, кинаи амрикоиҳо нисбат ба сипоҳ ва буғзи онҳо ба ин неруи инқилобӣ масъалае воқеӣ ва мавзуе тамомнашуданӣ аст.

ABNA24 : Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, сардор сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими ихтитомияи мусобиқоти саросарии Қуръони Карим, сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо ишора ба тасвиби дуюмин тарҳи зиддиэронии Сенати Амрико бо ҳадафи мамониат аз рафъи таҳримҳои сипоҳ афзуд: Кинаи амрикоиҳо нисбат ба сипоҳ ва буғзи онҳо ба комилан табиӣ аст. Сардори сарлашкар Саломӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки силоҳи куштори ҷамъӣ бар тибқи баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар мантиқи Ислом ҷойгоҳе надорад, гуфт: Бешак ин баёни эшон як тактика нест, балки дастури Ислом аст. Фармондкҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Валии фақеҳ инчунин дар мувоҷеҳа бо қудратҳои бузург, ки силоҳи ҳастаӣ доранд, мавзеъ мегирад ва барои риояти оёти илоҳӣ силоҳи куштори ҷамъиро манъ мекунад, инҳо нишондиҳандаи тарбиятёфтагии эшон дар маҳзари Қуръон аст.

Ёздаҳумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карим, вижаи хонаводаи посдорон рӯзи якшанбе, аввали май (11 урдибиҳишт) дар Машҳад, маркази устони Хуросони Разавӣ, шимоли шарқи Эрон оғоз ва ойини ихтитомияи ин мусобиқот рӯзи гузашта бо ҳузури сардор сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар толори Қудси Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор шуд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*