?>

Сарлашкар Боқирӣ : Амрико бо шикасти шармандаовар Афғонистонро тарк кард

Сарлашкар Боқирӣ : Амрико бо шикасти шармандаовар Афғонистонро тарк кард

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Амрико бо шикасти шармандаовар Афғонистонро тарк кард.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ-раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар оини такрими амири сартип, Амири Ҳотамӣ ва маросими муъорифаи амир Муҳаммадризо Қароии Оштиёнӣ-вазири нави  дифо гуфт : Охирин ҷинояти Амрико иттифоқоти Афғонистон аст, ки бо ду ҳазор миллиард ҳазинаи ҳангуфт, артиши Афғонистонро ба артише бехосият табдил кард .

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ бо ишора ба ҷиноёти Амрико ва лашкаркашиҳои мутаъаддид ба минтақаи ғарби Осиё  афзуд : Соири тавтеъаҳо дар ҷой - ҷои минтақа ошкор аст ва идома дорад дар чунин шароите ҳифзи тавони дифоӣ ва пешрафт, амри зарурӣ аст, ки бидуни тавони дифои бумӣ ва коромад амалӣ нахоҳад шуд .
Сарлашкар Боқирӣ бо ишора ба тағйири шакли ҷангҳо гуфт : Ҷангҳои имрӯзу ояндаи шабоҳати андаке бо гузашта дорад ва ҷанге, ки соли гузашта дар Қарабоғ иттифоқ афтод бо ҷангҳои гузашта ҳеҷ шабоҳатӣ надошт ва дар он ҷанг аз фанновариҳои навин истифода шуд.
Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ҳамчунин гуфт : Тавсеаи қудрати дифоӣ барои низоми исломӣ ба далоили гуногун як вазифаи қатъӣ ва иҷтинобнопазир аст .

Ба гуфтаи сарлашкар Боқирӣ : Низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳассостарин нуқтаи ҷуғрофиёи ҷаҳон қарор дорад, ки дар солҳои ахир ҳамвора иттифоқоту нооромиҳои фаровоне рӯй додааст . Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ хотирнишон кард : Вазорати дифоъ вазифаи тавлиди қудрати мутаносиб бо тағироти ҷадиду ҷангҳои ояндаро бар уҳда дорад .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*