?>

Сардор Cаломӣ: Интиқоми сардор Сулаймонӣ як стратегия ва ормон аст

Сардор Cаломӣ: Интиқоми сардор Сулаймонӣ як стратегия ва ормон аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон интиқом аз омилони террори сардор Сулаймониро як стратегия ва ормон унвон кард.

ABNA24 – Сардор сарлашкари посдор Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифзу нашри осори Раҳбари муаззами инқилоб, ки имрӯз (ҷумъа) мунташир шуд, бо баёни ин ки интиқоми сардор Сулаймонӣ як стратегия ва ормон аст, гуфт: Террори фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорон на танҳо дар масири ӯ ихтилоле эҷод накард, балки ҳарорате дар дилҳо эҷод кард, ки кулли ҷаҳони Исломро ба ҷӯшишу ҷиҳод алайҳи ишғолгарии мустакбирин даъват мекунад.

Сардор Саломӣ бо ишора ба ин ки бо муҷоҳидати Ҳоҷи Қосим Фаластин ба ҳувияти муқовиму дурахшон ва қудратманд табдил шуд, афзуд: Ҷанги СайфулҚудс, ки охирин ҷанг байни фаластиниҳо ва саҳюнистҳо буд, нишон дод, Фаластини ҷадиде зуҳур кардааст. Ин нақши Ҳоҷи Қосим буд, ки рӯҳи ҷиҳод дар фаластиниҳоро табдил ба сохтори қудрат кард.

Фармондеҳи Сипоҳи посдорон бо таъкид бар ин ки шароити имрӯз нишон медиҳад, шаҳид Сулаймонӣ барои душман хатарноктар аз сардор Сулаймонӣ аст, изҳор кард, Ҳоҷи Қосим вақте зинда буд, мо як сардор Сулаймонӣ мешинохтем, аммо вақте шаҳид шуд, як Қосим шуд миллионҳо Қосим, ки алъон ҳамаи онҳо ҳарф аз интиқом мезананд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*