?>

Саидҳасан Насруллоҳ: Паёмади шаҳодати шаҳидон Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис идома дорад

Саидҳасан Насруллоҳ: Паёмади шаҳодати шаҳидон Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис идома дорад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни инки табаоти террори шаҳидон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис идома дорад гуфт, баргузории маросими шаҳодати фармондеҳони муқовимат таъкиде бар қадршиносӣ аз онҳост.

ABNA24 – Ба гузориши Алманор, Саидҳасан Насруллоҳ дар суханоне ба муносибати солгарди шаҳодати сардор ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ ва Ал Муҳандис, фармондеҳи басиҷи мардумии Ироқ изҳор кард, баргузории солгарди шаҳодати сардорони муқовимат илова бар тақдир аз онҳо таъкиде бар идомаи ҷиҳод, муқовимату рӯёрӯӣ бо тарҳҳои истикбори амрикоӣ ва саҳюнистӣ аст.

Вай гуфт, Амрико ДИИШ-ро эҷод карду масъӯли ҳама ҷиноёте аст, ки дар Ироқ рух додааст ва дар муқобил Эрон аввалин кишваре буд, ки дар канори миллати Ироқ дар муқобила бо ДИИШ қарор гирифт ва дар ин миён шаҳид Сулаймонӣ низ дар баробари ишғолгарон истод ва дар таъсиси гурӯҳҳои муқовимати Ироқ нақшофаринӣ кард.

Саидҳасан Насруллоҳ бо баёни инки тафаккури ДИИШ аз Арабистон меояду Амрико масъӯли ҳамаи ҷинояти режими Исроил дар Лубнон аст, афзуд, Амрико масъӯли куштори суриҳо ва вайронии Сурия низ ҳаст ва ҷанг алайҳи Яман ҳам ҷанге амрикоӣ аст, ки ба дасти режими Саудӣ иҷро шуд.

Насруллоҳ ҳамчунин тасреҳ кард, хуни шаҳидон Сулаймонӣ ва Алмуҳандис виҷдонҳои ҷаҳони арабу исломро садо мезанад ва мегуяд, раъси зулму ишғолгарӣ дар минтақа Амрико аст ва касоне, ки ин иқдоми террористиро муртакиб шуданд ба сазои амали худ дар дунё ва қабл аз охират хоҳанд расид.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поён бо ишора ба инки сарнавишти нерӯҳои амрикоӣ хурӯҷ аз минтақа аст, хотирнишон кард, муқовимати мардумӣ дар шарқи Фурот гузинаи дурусте аст, ки ба хурӯҷи артиши Амрико аз Сурия мунҷар хоҳад шуд.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*