?>

Рӯҳонӣ дар паёми наврӯзии соли 1400: Истодагии миллати Эрон мӯҷиби шикасти душманон шуд

Рӯҳонӣ дар паёми наврӯзии соли 1400: Истодагии миллати Эрон мӯҷиби шикасти душманон шуд

Раиси ҷумҳӯри исломии Эрон дар паёми наврӯзии соли 1400 истодагии миллати Эронро мӯҷиби шикасти душманон донист .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми наврӯзӣ ба муносибати оғози соли 1400 шамсӣ, бо табрики фаро расидани Соли нав ба ҷанги таҳмилии иқтисодии бераҳмонаву золимона бар зидди миллати Эрон ишора кард ва гуфт : Миллати Эрон дар ҳоле ба набард бо корона ворид шуд, ки на танҳо аз кумакҳои маъмӯли ҷаҳонӣ барои мубориза бо ин ҳамагирӣ маҳрум буд, балки ҳатто имкони дастрасӣ ба сарватҳои худ низ дар бонкҳои хориҷиро надошт .

    Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон хотирнишон кард : Ин фасли душвору сард ва ин ибтилои бузург ва пайкори ҳамзамон дар чанд ҷабҳаи мухталиф ба далели ҳамосаи  сабру истодагӣ ва тадбири миллати Эрон табдил ба фасли дурахшону пурифтихор дар торихи Эрон шуд .

  Рӯҳонӣ афзуд : Имрӯз душманони миллат эътироф кардаанд, ки бо забони зӯру таҳдид ва таҳрим наметавон бо миллати бузурги Эрон сухан гуфт. Аз ин рӯ  пас аз се соли шикаст ночоранд дубора ба масири таъомули созанда бо миллати Эрон бозгарданд .

   Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон гуфт : Дар арсаи  сиёсати байналмиллал сармояи сиёсии арзишманде андухтем, ки самараи он пирӯзиҳои паёпай дар Созмони милалу Шӯрои амният ва додгоҳи Гаага буд; имрӯз иртиботи густардаву амиқу роҳбурдӣ бо ҷаҳон дорем ва душманони мо дар мавозеъе, ки бар алайҳи мо доранд, мунзавй ва нотавонанд.

    Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии соли 1400 гуфт : Интихоботи пуршӯр ва бо мушорикати ҳаддиаксарӣ пешниёзу пешшарти қатъии амалишавии орзӯҳои миллати Эрон дар даҳаи аввали қарни понздаҳум хоҳад буд .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*