?>

Рӯҳонӣ: Давлати Амрико бояд дар мавриди иқдоми ҷинояткорона дар ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон посухгӯ бошад

Рӯҳонӣ: Давлати Амрико бояд дар мавриди иқдоми ҷинояткорона дар ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон посухгӯ бошад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, давлати Амрико бояд дар мавриди иқдоми ҷинояткорона дар ҳамла ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон посухгӯ бошад

ABNA24 : Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон пресс, "Ҳасани Рӯҳонӣ" Раиси Ҷумҳурии Эрон имрӯз шанбе бо ишора ба солрӯзи ҳамлаи мушакии киштии амрикоӣ ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон дар 12 тири соли 1367 ( 3 июли 1988 ) гуфт: Давлати Амрико токунун бобати ин ҷинояти бузург аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва миллати Эрон узрхоҳӣ накардааст. 

Рӯҳонӣ илова кард: Давлати Амрико аз фармондеҳи киштии ҳамлакунанда таҷлил низ кардааст, ки бояд бобати ин иқдоми ғалат дар маҳзари афкори умумӣ посухгӯ бошад.

Шаҳодатгоҳи 290 мусофири ҳавопаймои Airbus, ки дар саввуми июли 1988 аз сӯи нови ҷангии Амрико бо исобати ду мушак ба шаҳодат расиданд, имрӯз (шанбе) бо ҳузури масъулони эронӣ ва хонаводаҳои шаҳидон дар обҳои Халиҷи Форс гулборон шуд.

Ҳавопаймои мусофирбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар саввуми июли 1988, бар фарози обҳои Халиҷи Форс ҳадафи исобати ду мушак аз тарафи киштии амрикоии "Винсенс" қарор гирифт ва 290 сарнишин ва хадамаи ин ҳавопаймо, аз ҷумла 66 кӯдак ва 53 зан ба шаҳодат расиданд.



342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*