?>

Рӯҳонӣ : Амалиёти ваксинасия бо ҳалли мушкили воридот суръат мегирад

Рӯҳонӣ : Амалиёти ваксинасия бо ҳалли мушкили воридот суръат мегирад

Раиси ҷумҳӯрии исломии Эрон таъкид кард: Амалиёти ваксинасия бо ҳалли мушкили воридот суръат мегирад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи раисони кумитаҳои тахассусии Ситоди миллии муқобила бо корона гуфт : Вируси корона балои бузургу мухарриб барои ҳамаи ҷаҳон ва аз ҷумла Эрон буд.

Рӯҳонӣ афзуд : Аммо дар айни ҳол ҷавонон, донишмандон ва мутахассисони кишвар дар давраи шуюъи ин беморӣ бо талоши худ дар заминаи тавлиди дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз ва тавлиди ваксина корҳое кардаву пешрафтҳое ба даст овараданд, ки барои солҳо дар беҳдошту дармон ва низоми саломат мондагор хоҳад буд .
Ҷаласаи раисони кумитаҳои тахассусии Ситоди миллии муқобила бо корона дар ҳузури раиси ҷумҳӯрии Эрон баргузор шуд ва дар ин ҷаласа кумитаи беҳдошту дармон гузориши комиле аз вазъияти таъмину тавлиди ваксинаи мавриди ниёз ва ҳамчунин вазъияти шаҳрҳои Эрон аз назари шуюъу ибтило, мушоҳидаи аломатҳое аз мавҷи ҷадиди беморӣ ва ташдиди авзоъ дар бархе аз устонҳои ҷанубии кишвар ироа кард .
Бар асоси гузориши кумитаи беҳдошту дармон  таъмини ваксинаи хориҷӣ бо ҳамкории дастгоҳҳои мухталиф аз ҷумлаи вазорати умӯри хориҷа ва Бонки марказии Эрон  анҷом шуд .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*