?>

Рябков: Раванди музокироти Вена суръат гирифт

Рябков: Раванди музокироти Вена суръат гирифт

Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз суръат гирифтани раванди музокироти эҳёи БарҶом хабар дод.

ABNA24 – Сергей Рябков рӯзи душанбе дар конфронси матбуоти дар Женева  бо ишора ба ин ки раванди музокироти марбут ба эҳёи БарҶом суръати бештар гирифт ва имкони дастёби ба тавофуқ афзоиш ёфт, гуфт: Ҳарчанд ҳалли масъалаи рафъи таҳримҳо бар зидди Эрон душвор аст, ки бояд бо иқдомоти мутақобил рафъ шавад.

Сергей Рябков афзуд: Шароити кунунӣ бисёр мусбат арзёбӣ мешавад, барои ин ки ҳамаи тарафайни ширкаткунанда дар музокирт омодагии худ барои ёфтани роҳи ҳалле барои  ҳал кардани   мушкилоти пеши рӯйро  нишон медиҳанд.

Муовини вазири хориҷаи Руси таъкид кард: Ҳеҷ суҳбате дар хусуси тағйир ё ҷойгузини тавофуқоти усули перомуни барномаи ҳастаии Эрон дар миён нест, зимни ин ки усулан дуруст нест, ки зарбулаҷали барои поёни музокирот перомуни БарҶом таъйин шавад.

Сергей Рябков дар ҳоли ҳозир ёдовар шуд, ҳамон тавре, ки  БарҶом комилан дақиқ ва барои мантиқи ҳамаи тарафайн қобили дарк буд, ки ҳар иқдоме бояд бар асоси асли тақобул бошад то ба натиҷа бирасад. Акнун низ имкони ҳалу фасли масоили мавриди ихтилоф дар бораи рафъи таҳримҳо танҳо аз тариқи иқдоми мутақобил мумкин хоҳад буд ва аслитарин ҳадафи музокироти кунуни низ ҳамин аст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико баъд аз хуруҷи якҷониба аз БарҶом дар соли 2018 дар ростои сиёсати мавсум ба фишори ҳаддиаксарӣ илова бар бозгардондани таҳримҳои мутавақиф шуда дар ин тавофуқ, таҳримҳои ҷадид зидди Эрон эъмол кард.

Давлати ҷадиди Амрико ба раёсати Ҷо Байден зимни эътироз ба шикасти сиёсатҳои фишори ҳаддиаксарӣ эълом кард, ки қасд дорад Вашингтонро ба БарҶом бозгардонад, аммо то ба ҳол аз анҷоми иқдомоти лозим дар ин росто худдорӣ карда аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карда аст, ҳангоми ба тааҳҳудоти барҷомии худ боз хоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳои зидди эрониро дар амал лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад.

 342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*