?>

Роберт Мэлли: Террори сардор Сулаймонӣ амнияти Амрикоро камтар кард

Роберт Мэлли: Террори сардор Сулаймонӣ амнияти Амрикоро камтар кард

Намояндаи Амрико дар умури Эрон дар суханоне таъкид кард, террори фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон, амнияти Амрикоро камтар кардааст.

ABNA24 : Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Маёдин, Роберт Мэлли, намояндаи Амрико дар умури Эрон афзуд, террори сардор  Сулаймонӣ ҷаҳонро низ дар баробари Эрон дармондатар кардааст.

Роберт Мэлли моҳи гузашта низ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии НБС дар бораи иқдоми давлати Трамп дар террори сардор Сулаймонӣ гуфта буд, сиёсате, ки иддао мекард, ҳадафи он амн нигаҳ доштани мардуми Амрико буда, сиёсате, ки аз тариқи куштан ( террор)-и Қосими Сулаймонӣ ва эъмоли корзори фишори ҳаддиаксарӣ анҷом шуд, имрӯз амнияти Амрикоро камтар кардааст, чаро ки Эрон барномаи ҳастаии густардатаре (ба нисбат қабл аз инъиқоди БарҶом) дораду фаъолиятҳои минтақаии худашро шиддат додааст.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико баъд аз хурӯҷи якҷониба аз БарҶом дар соли 2018, дар ростои сиёсате мавсӯм ба «фишори ҳаддиаксарӣ» илова бар бозгардондани таҳримҳои мутаваққиф шуда, зайли ин тавофуқ ва эъмоли таҳримҳои ҷадид ба сиёсатҳои таҳрикомез монанди террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва шаҳид Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, нооби раиси шаҳиди созмони Ал Ҳашуд-ул- Шаъбии Ироқ рӯй овард.

Тармп ба далели надоштани роҳбурд дар қиболи Эрон, ташдиди бемавриди танишҳо бо ин кишвар ва ҷудо кардани масири Амрико аз муттаҳидонаш аз сӯи мунтақидонаш омоҷи интиқодоти тунд қарор гирифт.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*