?>

Раҳбари муаззами инқилоб: Кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил ва ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнист ботил шудааст

Раҳбари муаззами инқилоб: Кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил ва ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнист ботил шудааст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон гуфтанд: Кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил ва ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнист ботил шудааст.

ABNA24 : Имрӯз, ҷумъаи 29 апрели 2022 (9 урдибиҳишти 1401 ҳиҷрии шамсӣ), мусодиф бо 27 Рамазони соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ Рӯзи Ҷаҳонии Қудс аст.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи Ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст то мусулмонони саросари ҷаҳон безорӣ ва нафрати худро аз сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар суханронии телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс бо баршумурдани нишонаҳои бисёр умедбахш, аз пеширӯ будани ояндае мутафовит ба нафъи мардуми Фаластин, аз ҷумла густариши майдони муқовимат ба кулли Фаластин ва дар муқобил заиф шудани режими ишғолгару ҳомии аслии он  - яъне Амрико, ҳаводиси солҳои ахири Фаластинро ба маънои ботил шудани ҳамаи тарҳҳои созиш бо режими саҳюнистӣ донистанд ва зимни ёдоварии баракоти бебадили падидаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё таъкид карданд: Танҳо бо неруи муқовимат метавон масоили дунёи Ислом ва дар раъси он масъалаи Фаластинро ҳал кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин воқеият, ки то режими ғосибу ҷинояткори саҳюнист бар Қудс мусаллат аст, ҳама рӯзҳои солро бояд рӯзи Қудс донист, гуфтанд: Қудси шариф қалби Фаластин асту саросари кишвари ғасбшуда, аз баҳр то наҳр, идомаи Қудс аст.

Эшон бо таҳсини истодагиву шаҳомати камназири миллати Фаластин, амалиёти фидокоронаи ҷавонони фаластиниро муҷиби эҷоди сипари дифоӣ барои Фаластин ва башоратдиҳандаи ояндае мутафовит донистанд ва дар баёни нишонаҳои рақам хӯрдани муодилае ҷадид дар имрӯзу фардои Фаластин хотирнишон карданд: Имрӯз иродаи шикастнопазир дар Фаластин ва ҳамаи минтақаи Ғарби Осиё ҷойгузини «артиши шикастнопазир»-и саҳюнист шудаву артиши ҷинояткор ночор шуда ороиши таҳоҷумии худро ба дифоӣ табдил кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба намунаҳои айнӣ аз густариши муқовимат дар саросари Фаластин монанди таҳарруки урдӯгоҳи Ҷинин, ки саҳюнистҳоро девона кардааст, дархости 70 дарсад аз фаластиниҳо барои ҳамлаи низомӣ ба режими ғосиб, ҳаракатҳои ҷиҳодии мардуми Фаластин дар бахшҳои шимоливу ҷанубии сарзаминҳои 1948, роҳпаймоиҳои сангин дар Урдун ва Қудси Шарқӣ, дифои ҷононаи ҷавонони Фаластин аз Масҷидулақсо ва размоиши низомӣ дар Ғазза таъкид карданд: Кулли Фаластин ба саҳнаи муқовимат табдил шудаву мардуми Фаластин бар идомаи ҷиҳод ваҳдати назар ёфтаанд. Ин падидаҳои муҳим ба маънии омодагии комили фаластиниҳо барои муқобила бо режими ғосиб аст ва дасти созмонҳои муҷоҳидро боз мегузорад то ҳар замон лозим донистанд вориди амал шаванд.

Эшон паёми муҳими ин ҳаводис ва он чиро дар солҳои ахир дар Фаластин рух додааст, ботил шудани ҳамаи тарҳҳои созиш бо душмани саҳюнист хонданд ва гуфтанд: Ҳеҷ тарҳе дар бораи Фаластин дар ғиёб ё бар хилофи назари соҳибони он, яъне фаластиниҳо иҷро шуданӣ нест ва ин яъне ҳамаи тавофуқоти пеш аз ин. монанд Осло ё тарҳи арабии Ду давлатӣ ё Муомилаи Қарн ё одисозиҳои ҳақиронаи ахир ботил шудаанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба идомаи анвоъи ҷиноёти режими саҳюнистӣ бо вуҷуд аз нафас афтодани он, афзуданд: Дурӯғгӯёни муддаии ҳуқуқи башар дар Аврупову Амрико, ки дар қазияи Украина он ғавғоро ба роҳ андохтанд, дар баробари ин ҳама ҷиноят дар Фаластин муҳри сукут бар лаб задаанд ва аз мазлум дифоъ намекунанд, балки ба гурги хунхор кумак ҳам мекунанд.

Эшон дарси бузург аз ин рафтори маккоронаи қудратҳои нажодпарасти ғарбиро парҳез аз ҳар гуна такя кардан ба онҳо донистанд ва таъкид карданд: Танҳо бо неруи муқовимат, ки баргирифта аз таълими Қуръони карим ва аҳкоми Исломи азиз аст, метавон масоили дунёи Ислом ва дар раъси он масъалаи Фаластинро ҳал кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ шаклгирии муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиёро пурбаракаттарин падидаи ин минтақа баршумурданд ва хотирнишон карданд: Каёни муқовимат буд, ки бахшҳои ишғолшудаи Лубнонро аз лавси вуҷуди саҳюнистҳо пок кард, Ироқро аз ҳулқуми Амрико берун кашид ва аз шарри ДИИШ наҷот дод, ба мудофеони сурӣ дар баробари нақшаҳои Амрико мадад расонд, бо терроризми байналмилалӣ мубориза мекунад, ба мардуми муқовими Яман дар ҷанге, ки ба онҳо таҳмил шудааст, ёрӣ мерасонад, бо панҷа афкандан ба мавҷудияти ғосибони саҳюнист ба тавфиқи илоҳӣ онҳоро ба зонӯ дармеоварад ва бо талоши муҷоҳидона, масъалаи Қудс ва Фаластинро дар афкори умумии ҷаҳон рӯз ба рӯз барҷастатар мекунад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*