?>

Раҳбари инқилоби исломӣ : Таҳрим як ҷинояти бузурге аст

Раҳбари инқилоби исломӣ : Таҳрим як ҷинояти бузурге аст

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд:Муҳосираи иқтисодӣ ва таҳрим яке аз ҷиноятҳои бузурги давлатҳост ва набояд ба он ба шакли сиёсӣ ва дипломатӣ нигоҳ кард.

ABNA24 : Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии аввалин рӯзи фарвардин, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, изҳор карданд:Инки як миллатро тавре таҳрим кунанд, ки натавонад дору ва абзори пизишкӣ ворид кунад, ҷиноят аст ва ин ҷиноят аз кишваре мисли Амрико барме ояд .

 Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд,ки таҳрим барои кишвари Эрон, ки ҷиноят буд, вале манофеъӣ ҳам дошт, ки тавонист ин таҳдидро ба фурсат табдил кунад . Ҷавонҳои пурталоши мо ҳиммат карданд ва дар баъзе аз бахшҳое, ки колоҳо вобаста ба хориҷ буд, кишварро бениёз карданд.

Ишон бо ишора ба интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эрон дар моҳи июни оянда изофа карданд : Интихобот-навсозӣ дар кишвар аст ва нафаси тозае ба бахшҳои иҷроии кишвар дода хоҳад шуд .

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба талоши ҷараёнҳои ҷосусии бархе кишварҳо барои ноумедсозии мардум ва ҷилавгирӣ аз мушорикати онҳо дар ин интихобот гуфтанд : Дастгоҳҳои ҷосусии бархе кишварҳо ва ба хусус  Амрикову режими саҳюнистӣ аз чанде пеш талош мекунанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Эронро беравнақ кунанд ва барои дастёбӣ ба ин ҳадаф ё баргузоркунандагонро ба муҳандисӣ муттаҳам ва ё мардумро дилсард мекунанд, ки раъйи шумо асаре надорад ва дар ин замина аз фазои маҷозӣ ҳам ҳадди аксари истифодаро мекунанд .

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки сиёсати фишори ҳаддиаксарии давлати собиқи Амрико  шикаст хурд, таъкид карданд: Агар давлати феълии Амрико бихоҳад фишори ҳаддиаксариро дунбол кунад боз ҳам шикаст мехурад .

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ изофа карданд :Он аҳмақи қаблӣ сиёсати фишори ҳаддиаксариро барои ин тарроҳӣ карда буд, ки Эронро дар мавзеи заъф қарор диҳад, то Эрон пои мизи музокира биёяду хостаҳои мустакбиронаро бар Эрони заъиф таҳмил кунад, ки бо он ифтизоҳ аз қудрат хориҷ шуд, ки ҳам худ расво шуд ва ҳам кишвараш, аммо Эрони исломӣ бо қудрату иззат истодааст .

   Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар бораи Барҷом низ тасреҳ карданд:Сиёсати кишвар дар боби таъомул бо тарафҳои барҷомӣ ва худи Барҷом сариҳан эълом шуда ва аз ин сиёсат ҳеч кӯтоҳ нахоҳем омад, зеро ин сиёсат мавриди иттифоқ будааст . Амрикоиҳо бояд тамоми таҳримҳоро лағв кунанд ва баъд ростиозмоӣ мекунем ва агар ба маънои воқеии калима лағв шавад бидуни ҳеч мушкиле ба таъаҳҳудот бархоҳем гашт, аммо мо қавли амрикоиҳоро муътабар намедонем .

    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ёдовар шуданд : Мо ба амрикоиҳо дар замони Обама итминон кардему корҳое бар асоси Барҷом анҷом додем, аммо онҳо таъаҳҳудоти худро анҷом надоданд ва рӯйи коғаз гуфтанд таҳримҳо бардошта шудааст, вале сармоягузорҳоро тарсонданд аз ин рӯ таъаҳҳудоти онҳо барои мо арзише надорад .

  Раҳбари инқилоб бо таъкид бар инки амрикоиҳо дар бархурд бо мо иштибоҳ карданд ва дар кулли масоили минтақа ҳам иштибоҳ мекунанд, афзуданд: Ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва ҳузури ғосибона дар Сурия қатъан иштибоҳ аст .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*