?>

Рамазони имсол бо вижабарномаи саҳаргоҳии "Бедордилон" аз Садои Хуросон

Рамазони имсол бо вижабарномаи саҳаргоҳии

Рамазони имсол "Садои Хуросон" бо "Бедордилон" ба хонаҳои муъминони бедордил меояд.

ABNA24 : Мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт: Дар моҳи мубораки Рамазони имсол низ вижабарномаи саҳаргоҳӣ бо номи "Бедордилон" дар радиои тоҷикии Садои Хуросон тавлид ва саҳаргоҳҳои ҳар шаб ба рӯзадорон ва муъминони шабзиндадор тақдим мешавад.

Оқои Фарзодӣ афзуд: Ин барнома дар моҳи мубораки Рамазон, ҳар саҳаргоҳ аз соати 02:20 то 03:50 ба вақти Душанбе ва 01:50 то 03:20 ба вақти Теҳрон пахш мешавад.

Мудири радиои тоҷикии Садои Хуросон ёдовар шуд: Муъминон ва саҳархезони мухотаби ҳамешагии радиои тоҷикӣ метавонанд ин барномаро ба муддати 90 дақиқа рӯи мавҷи кутоҳи радио, радифи 5990 килоҳертс ва мавҷи миёнаи радифи 720 килоҳертс дарёфт кунанд.

Ниёиш ва сурӯд, суҳбатҳои коршиносии динӣ, тартили Қуръон ва намоишномаҳо аз бахшҳои вижабарномаи саҳаргоҳии радиои тоҷикии "Садои Хуросон" аст .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*