?>

Раисӣ: Барои ҳалли мушкилоти Эрон муаттали гиреҳкушоии бегонагон намондаем

Раисӣ: Барои ҳалли мушкилоти Эрон муаттали гиреҳкушоии бегонагон намондаем

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки иртибот бо ҳамаро меписандем, аммо чашм ба бегонагон надорем, гуфт: Ба ҳеҷ унвон зиндагии мардум ва иқтисодро ба БарҶом ва музокира гиреҳ назадаем.

ABNA24 : Даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 27 декабри 2021 оғоз шуд, 11 марти 2022 ба пешниҳоди Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо вориди як давра танаффус шуду музокиракунандагон барои машваратҳои сиёсӣ ба пойтахтҳои худ бозгаштанд.

Аз он замон то кунун тарафайн аз пешрафт дар музокирот ва кам шудани мавориди ихтилофӣ сухан гуфтаанд, вале мавзӯи тазминҳову хориҷ кардани ашхоси ҳақиқиву ҳуқуқӣ аз листи сурх ва аз маҷмӯаи таҳримҳо, ҳамчунон аз мавориде аст, ки Амрико ба унвони ноқизи БарҶом тасмими сиёсии лозимро барои ҳаллу фасли он иттихоз накардааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо ҷамъе аз уламову рӯҳониёни устони Хуросони Разавӣ афзуд, таҷриба нишон дода ва аз пешиниён низ ибрат гирифтаем, ки ба ҳеҷ унвон ба бегона эътимод накунем. Онҳо гиреҳе аз ҳеч кас накушуданд ва аз мо ҳам нахоҳанд кушуд. Эътимоди мо ба доштаҳову зарфиятҳои кишвар аст.

Раисӣ гуфт: Душманиҳову монеътарошиҳо бар сари роҳи мо вуҷуд дорад ва ҷараёни нуфуз талош мекунад, аммо ҳечкадом аз инҳо ҳаракати миллати Эронро мутаваққиф нахоҳад кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба вазъияти тиҷорати Эрон дар минтақа изҳор дошт, ҳаҷми тиҷорати хориҷии ғайринафтии кишвар дар соли гузашта ба 100 миллиард доллар расид, ки бахше аз он ба хотири афзоиши таомул ва истифода аз зарфияти ҳамсоягон буд.

Давлати сенздаҳуми Эрон аз замони оғоз ба кори худ дар 3 августи 2021 нишон дода, ки ба тавозун дар сиёсати хориҷӣ муътақид аст ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ дар авлавияти барномаҳои хориҷиаш қарор дорад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*