?>

Раиси ҷумҳӯри Амрико дар мавриди Афғонистон суханронӣ мекунад

Раиси ҷумҳӯри Амрико дар мавриди Афғонистон суханронӣ мекунад

Раиси ҷумҳӯри Амрико қарор аст то соъоти дигар дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон суханронӣ кунад .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Амрико тибқи тавофуқ бо Толибон қарор аст ҳамаи нерӯҳои худро то охири тобистон аз Афғонистон хориҷ кунад.

Дар паии хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико рӯзи панҷшанбе дар мавриди Афғонистон бо мардуми Амрикои суханронӣ хоҳад кард .
Манобеи хабарии Кохи Сафед эълом карданд, қарор аст тасмими Амрико дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон тағйир кунад .
Бештари коршносони низ дар мавриди ин хурӯҷ ҳушдор дода буданд .
Муҳимтарин ин ҳушдорҳо аз ҷониби генерал  Остин Милер-фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон эълом шудааст .
Ӯ пеш аз ин дар мавриди бурӯзи ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода буд.
Ин дар ҳоле аст, ки мардуми Афғонистон муътақиданд Амрико бо ташдиди ифои нақши манфӣ дар мунозиъоти дохилии Афғонистон ин кишварро дар коми аждаҳои ҷанги дигаре бурда ва акнун низ дар ҳамин росто талош мекунад .

Яке аз аъзои маҷлиси Сенати ин кишвар ҳам гуфт : Сиёсати ғалати Амрико Афғонистонро дар коми ҷанги дигаре фуру бурдааст .
Сенаторҳои афғон низ гуфтанд, ки Халилзод дар замони маъмурияти худ бо дунбол кардани сиёсати иштибоҳ ба ҷои сулҳ ин кишварро ба ҷанги хатарноки дигаре мувоҷеҳ кард .
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳӯрии собиқи Афғонистон ҳам дар мусоҳиба бо як расонаи ҳиндӣ гуфтааст, ки пеш аз ҳамлаи Амрико тероризму ифротгароӣ дар ин кишвар вуҷуд надошт .
Карзай афзуд : Гурӯҳи террористии ДИИШ дар замони ҳузури нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон бархилофи маъмурияти эъломшуда онҳо, зуҳур кард .


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*