?>

Раиси Созмони энержии атомии Эрон: Бар асоси қавонини Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳаракат мекунем

Раиси Созмони энержии атомии Эрон: Бар асоси қавонини Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ҳаракат мекунем

Раиси Созмони энержи атомии Эрон таъкид кард: Бар асоси муқарарот ва равобити ҳирфаӣ бо Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ҳаракат мекунем.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Муҳаммад Исломӣ дар ҳошияи ҷашнвораи миллии "Раҳоварди сарзамини навин" дар урдугоҳи шаҳид Бокирӣ дар шаҳри Хурамшаҳр дар устони Хузистон, ҷанбуи ғарби Эрон гуфт: Муқарарот ва равобит бо Ожонси байналмиллалӣ энержии атомӣ фанни ва ҳирфаӣ аст ва нуфуз, иртибот ва таъсири сиёсӣ наметавонад равобити Эронро аз чорчуби қавонин ва муқарароти Ожонс хориҷ кунад.

Исломӣ афзуд: Сафари ахири Рафоэл Гросси мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ ба Теҳрон дар ростои таъомули мутақобил буд ва талоши Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки ҳаргиз иҷоза надиҳем душман бо шайтанат ва нуфузи саҳюнистҳо ба Эрон иттиҳом бизананд.

Раиси Созмони энержи атомии Эрон ҳамчунин дар идома бо иншора ба пешрафти кишвар дар саноати дифоъӣ ва улуми поя афзуд: Бо истифода аз имкониятҳо ва зарфиятҳои дохилӣ ва бо таъсирпазирӣ аз мактаби шуҳадои ҳастаӣ, тавоноии кишварро дар ин замина афзоиш медиҳем.

Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ таҳти фишорҳои тарафҳои ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ иддаоҳоеро дар бораи фаъолиятҳои эъломнашудаи ҳастаӣ дар Эрон матраҳ карда аст, ки албата ин иддаъоҳо бо савобиқи ҳамкории байни Эрон ва Ожонс созгорӣ ва ҳамхонӣ надорад, чаро, ки раванди таъомулоти Эрон ва Ожонс ҳамвора мусбат буда ва Эрон низ ҳамвора таъкид карда аст ин ҳамкориҳо набояд таҳти таъсири фишорҳои сиёсӣ қарор гирад.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*