?>

Раиси ситоди муштараки артиши Амрико : Мумкин аст бо Толибон ҳамкорӣ кунем

Раиси ситоди муштараки артиши Амрико : Мумкин аст бо Толибон ҳамкорӣ кунем

Раиси Ситоди муштараки артиши Иёлоти Муттаҳида аз эҳтимоли ҳамкории Амрико бо Толибон дар амалиёти зиддитероризм дар Афғонистон хабар дод .

ABNA24 : Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Олмон, Марк Мили-раиси Ситоди муштараки артиши Иёлоти Муттаҳида дар як конфаронси хабарии муштарак бо " Лойд Остин-вазири дифои ин кишвар  зимни шарҳи мавозеъи низомии Амрико дар баробари Толибон эълом кард : Амрико дар амалиёти зиддитероризм дар Афғонистон алайҳи ДИИШ ё гурӯҳҳои дигар бо Толибон ҳамкорӣ кунад.

Мили тасреҳ кард : Артиши Амрико дар се ҳафтаи гузашта барои ҳамоҳангии амалиёти хурӯҷи 124 ҳазор нафар аз фурудгоҳи Кобул бо фармондеҳони Толибон дар хориҷ аз муҳавватаи фурудгоҳ дар тамос буда ва ин худ навъе ҳамкорӣ аст .
Ин дар ҳоле аст, ки Лойд Остин-вазири дифои Амрико нисбат ба имкони ҳамкории ин кишвар бо Толибон ибрози тардид кард ва гуфт : Моил нест дар бораи ҳамкориҳои оянда гумоназанӣ кунад .
Ҷанги 20 солаи Афғонистон, ки тӯлонитарин ҷанги Амрико дар хориҷ аз марзҳо шинохта мешавад, дар маҷмӯъ ба ҳазинае муодили 2 ҳазору 313 миллиард доллар ва ҳудуди ду ҳазору панҷсад кушта мунҷар шуд .
Ин дар ҳоле аст, ки хурӯҷи шитобзадаи Амрико аз Афғонистон ба эътибору мавқеъияти байналмиллалии Вашингтон зарбаи бузурге задааст .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*