?>

Поёни маъмурияти неруҳои СПАД дар Қазоқистон

Поёни маъмурияти неруҳои СПАД дар Қазоқистон

Раиси ҷумҳурии Қазоқистон бо ишора ба тасбити авзоъ дар ин кишвар гуфт, маъмурияти асосии неруҳои ҳофизи сулҳи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Қазоқистон ба анҷом расидааст.

ABNA24 – Ба гузориши “Форс”, Қосим Ҷоомарт Тоқаев дар ҷаласаи парлумон аз поёни маъмурияти неруҳои ҳофизи сулҳи СПАД дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Қазоқистон, вазъият дар тамоми манотиқи кишвар оддӣ аст, бинобарин маъмурияти СПАД ба поён расидааст.

Вай афзуд, хуруҷи неруҳои СПАД дар қаламрави Қазоқистон то ду рӯзи дигар оғоз мешавад.

Тоқаев ҳамчунин хотирнишон кард, ки тарҳи ҳамла ба Қазоқистон печида будаву тавассути мутахассисони омӯзишдида иҷро шудааст.

Тоқаев аз кори Кумитаи амнияти миллии ин кишвар интиқод кард ва гуфт, ки ниҳоди амниятӣ натавонист мутаваҷҷеҳи ин таҳдид бишавад.

Эътирозот дар Қазоқистон 2 январ, баъд аз афзоиши дубаробарии қимати газ оғоз ва 5 январ дар ин кишвар вазъияти фавқулода эълом шуд ва давлати ин кишвар истеъфо дод.

 

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*