?>

Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Паёми табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме сивумин солгарди барқарории дипломотикӣ байни ду кишварро ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфт.

ABNA24 – Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме ба Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сивумин солгарди барқарории дипломотиқӣ байни ду кишварро табри гуфт.

Матни ин паём ба ин шарҳ аст:

Ҷаноби оқои Сайид Иброҳими Раисӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Олиҷаноб, раиси ҷумҳури муҳтарам;

Лутфан табрикоти самимона ва таманниёти неки инҷониб ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати сивумин солгарди барқарории равобити дипломотик байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бипазиред.

  • Кишварҳои мо дар ин давра ба манзури дастёбӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои созанда, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва таъмини дурнамои самарабахш ва густариши онҳо ба таври мустамар тадбирҳои амалӣ андешиданд ва мо идома талошҳои ду кишварро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ мекунем.
  • Тоҷикистон ҳамвора тарафдори тавсеаи рӯзафзуни равобити байни ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун бо рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод, таҳия ва таҳқиқи тарҳу барномаҳо ва иқдомоти созгор барои дастёбӣ ба ин ҳадафҳо  аст.
  • Итминон дорем бо азми қавӣ ва талоши содиқона ва муштараки тарафҳо, мо метавонем муносибатҳои ду кишвар бо муштаракоти таърихӣ ва фарҳангиро бо натиҷаҳои қобили мулоҳизатар дар ростои манофеъи ду миллат ғанӣ гардонем.

Умедворам ин руйдоди муҳим бо дастоварҳои нави худ муносибатҳои ду кишвари дӯст ва бародарро рангин намояд.

Бо таҷиди табрики хеш аз даргоҳи Худованд барои ҷанобӣ оли саломатии комил ва комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии беш аз пеш масалат дорам.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*