?>

Паёми табрикии Раисӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии Эрон ва Тоҷикистон

Паёми табрикии Раисӣ ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотии Эрон ва Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон сиюмин солгарди барқарории равобити дипломотӣ байни ду кишварро табрик гуфт.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи якшанбе бо судури паёме ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард: Хушбахтона дар давоми се даҳаи гузашта, ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон бо баҳрагирӣ аз иштирокоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмиллалӣ даст ёбанд, ки албата бо дар назар гирифтани зарфиятҳои бузурги ду кишвар, имкони афзоиши сатҳи ҳамкориҳо ба вижа дар бахши иқтисодӣ ба нуқтаи матлуб вуҷуд дорад.

Раисӣ афзуд: Дар ин росто бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои аввалин дидори расмии инҷониб аз кишвари зебои Тоҷикистон, ду тараф тавофуқ карданд заминаҳои лозим барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳи иқтисодӣ дар сархати барномаҳи кории масъулони марбута қарор гирад ва фасли ҷадид аз равобити ҳамаҷониба бо пуштивонаи эътимоди сиёсӣ шакл гирад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, бо таваҷҷуҳ ба азму иродаи сиёсии мавҷуд ва дар сояи талоши муштарак, шоҳиди тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобит дар ростои таъмини манофеъи мутақобили ду миллати Эрон ва Тоҷикистон бошем.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*