?>

Паёми табрикии вазири умури хориҷаи Эрон ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ

Паёми табрикии вазири умури хориҷаи Эрон ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ирсоли паёмҳои табрикии ҷудогона, хитоб ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ, фаро расидани иди саиди Фитрро табрик гуфт.

ABNA24 : Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон хитоб ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ афзуд: «Иди Фитр ҷашни инсоният ва рӯзи нузули шодиву шукронаи як моҳи ибодат ва бандагӣ будаву баргузории шукуҳманди ин иди саид дар поёни моҳи мубораки Рамазон тарҷумони пайванди дӯстиву бародарӣ ва аҳмсадоии мусулмонон барои таҳаққуқи ормонҳои дини мубини Ислом аст».

Дар паёми вазири умури хориҷаи Эрон ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои исломӣ омадааст: «Бетардид ҳамгомии раҳбарони кишварҳои исломӣ низ нақши муассире дар тақвияти ҳамбастагии мусулмонону пешрафти ҷавомеи исломӣ дорад».

Дар бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ҷомеаҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Иморот, Фаластин, Яман, Миср, Лубнон, Либия, Тунис, Судон, Тоҷикистон, Туркия, Алҷазоир, Сурия ва Мавритания имрӯз (душанбе) иди саиди Фитр аст.

Бинобар эъломи Ситоди истеҳлоли дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, ҳилоли моҳи шаввол дар ғуруби рӯзи якшанбе (аввали моҳ) руият нашуд ва дар Эрон имрӯз (душанбе) мутобиқ бо 30 Рамазоналмубораки 1443 аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*