?>

Паёми вазири умури хориҷаи Эрон ба ҳамоиши "Чашмандози равобити Эрон ва Тоҷикистон"

Паёми вазири умури хориҷаи Эрон ба ҳамоиши

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Сафари ояндаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон раванди ру ба рушди равобити Эрон ва Тоҷикистонро суръат мебахшад.

Ба гузориши радиои тоҷкии Садои Хуросон, Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме ба ҳамоиши "Чашмандози равобити Эрон ва Тоҷикистон" ки ба муносибати сиюмин солгарди равобити дипломатии ду кишвар рӯзи душанбе дар Теҳрон баргузор шуд, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуштивонаи иштирокоти фаровони таърихӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонӣ дар тули 30 соли гузашта  равобити хуби дустона ва бародаронае доштанд.

  • Ҳусейни Амир Абдуллоҳиён бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузъи аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар пойтахти ин кишвар ифтитоҳ кард, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора аз сулҳ, амният, истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон ҳимоят намуд ва хоҳад кард.
  • Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон таъкид кард: Давлати Эрон сиёсати ҳамсоягӣ ва тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамсояро муҳимтарин  авлавияти сиёсати хориҷии худ эълом кард ва дар ин замина Тоҷикистон аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст.


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*