?>

Парчами Амрико дар рӯзи истиқлоли ин кишвар ба оташ кашида шуд

Парчами Амрико дар рӯзи истиқлоли ин кишвар ба оташ кашида шуд

Тасовири мунташиршуда дар расонаҳои иҷтимоӣ аз ба оташ кашида шудани парҷами Амрико дар рӯзи истиқлоли ин кишвар ҳикоят дорад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, корбарон дар Твиттер эълом карданд гурӯҳи Антифа  бо ба оташ кашидани парчамҳои Амрико дар шаҳри Портланд дар рӯзи чаҳоруми моҳи июл - рӯзи истиқлоли Амрико  ин рӯзро сипарӣ карданд.

Ҷунбиши Антифа ба гурӯҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи чапи мустақили зиддифашистӣ дар Иёлоти Муттаҳида ишора мекунад. Гурӯҳ ба муқовимати нажодпарастон, капитализм ва экстремистон тамаркуз мекунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, ки аз тарафдорони низоми сармоядорӣ буда ва тарафдоронашро тоифаи густардае аз нажодпарастон ташкил медоданд,  ҷунбиши Антифаро як ҷунбиш террористӣ медонист.

Бар асоси охирин назарсанҷии муштараки пойгоҳи хабарии «Axius News» ва муассисаи назарсанҷии «Ипсус», ҳудуди се панҷуми амрикоиҳо мӯътақиданд таҳаққуқи баробарии сиёҳпӯстон ва сафедпустон дар Амрико ба тағироти асосӣ ниёз дорад. Давлат Байден, ки яке аз шиорҳои аслии он дар сиёсати дохилӣ, муқобила бо нажодпарастии низомманд буд, токунун иқдоми қобили таваҷҷӯҳе дар ин замина анҷом надодааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*