?>

Оғози ҷаласаи муштараки Шӯроҳо ва Кумитаи СААД дар Душанбе

Оғози ҷаласаи муштараки Шӯроҳо ва Кумитаи СААД дар Душанбе

Оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.

ABNA24 : Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Азия Плюс омадааст,Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои 

Тавре маркази матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД 

Зас: СААД ният надорад ба Афғонистон неру фиристад
Ин чунин рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро, ки 18 феврали соли 2021 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, аз сӯи ҷонибҳо маълумотҳои Дабири кулли СААД С.Зас дар бораи рафти омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян оид ба самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати Арманистон дар Созмон шунида хоҳад шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*