?>

Омӯзаҳои Дифои муқаддас ниёзи имрӯзу фардои кишвар аст

Омӯзаҳои Дифои муқаддас ниёзи имрӯзу фардои кишвар аст

Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, Дифои муқаддас аз муҳимтарин намодҳои ваҳдати миллӣ ва қудрати иродаи миллат барои дифоъ аз ормонҳо аст.

ABNA24 – Сарлашкар Саидабдурраҳими Мӯсавӣ дар ҳамоиши саросарии мудирони Бунёди ҳифзи осору нашри арзишҳои Дифои муқаддас, ки дар боғи музеи Дифои муқаддас баргузор шуд, гуфт: Омӯзаҳои Дифои муқаддас ба маънои воқеӣ мавриди ниёзи имрӯзу фардои Эрон аст.

Сарлашкар Мӯсавӣ ҳамчунин гуфт, ҳамаи ҳикояткунандагон, ровиён ва намодҳову ҳамаи осорҳо бояд нишондиҳандаи азамати динии миллии ин мақтаи муҳим бошанд.

Фармондеҳи кулли артиш дар идома гуфт, инқилоби шукӯҳманди исломӣ дар тӯли 43 соли умри пурбаракати худ офаринандаи дастовардҳои камназире буда, ки ба ҳеҷ унвон қобили муқоиса бо давраҳои қабл аз ин даврон нест.

Сарлашкар Мӯсавӣ хотирнишон кард, муҳимтарин мақтаи ин давраи 43 сола ҳамин ҳашт соли пурифтихори Дифои муқаддас аст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*