?>

Нишасти фармондеҳон ва масъулони аршади Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Нишасти фармондеҳон ва масъулони аршади Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон

Дар нишасти фармондеҳону масъулони аршади сипоҳ бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таҳаррукот ва рӯйдодҳои перомуни Эрон баррасӣ шуд.

ABNA24 : Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти фармондеҳону масъулони аршади Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо қадрдонӣ аз иҳтимом ва талошҳои хастагинопазири нерӯи заминии сипоҳ дар таъмини амнияти пойдор дар манотиқи маъмуриятии марзӣ бавижа дар шимоли ғарб ва ҷануби шарқи Эрон гуфт, бо вуҷуди тавтеаҳо ва нақшаҳои душманон дар тавсеъаи таҳдид дар манотиқи марзӣ ва перомунии Эрон, ки барои ҷуброни шикастҳои занҷираии худ дар минтақа дунбол мешавад, ба фазли Илоҳӣ вазъияти амниятии марзҳо дар ҳамаи шохисҳо аз рушди мусбату итминонбахше бархӯрдор аст.

Сарлашкар Боқирӣ тасреҳ кард, иқдомоти мардум ёрӣ ва ҳимоят аз ақшори маҳрум ва камбархӯрдор ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои гӯногӯни умронӣ ва хадамотии нерӯҳои мусаллаҳ дар кумак ба давлату маҳрӯмиятзудоӣ, роҳбурде аст, ки таҷаллӣ ва таъсири он дар ҷуғрофиёи маъмуриятии нерӯи заминии сипоҳ ба хубӣ намоён ва ошкор аст.

Арзёбӣ ва баррасии таҳаррукот ва рӯйдодҳои амниятӣ, табодули назар перомуни мавзӯҳои мухталифи амниятӣ, дифоӣ ва низомӣ дар таъмини амнияти пойдор ва таъмиқи ашрофи иттилоотӣ бар таҳаррукот дар манотиқи перомуни Эрон аз муҳимтарин меҳварҳои нишасти фармондеҳону масъулони аршади сипоҳи бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон эълом шудааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*