?>

Муҳаммадалӣ ал Ҳавсӣ: Амрико ва ҳампаймони саудиаш аз Яман хориҷ шаванд

Муҳаммадалӣ ал Ҳавсӣ: Амрико ва ҳампаймони саудиаш аз Яман хориҷ шаванд

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт, бо хурӯҷи охирин истеъморгари амрикоӣ аз Афғонистон, Вашингтон ва ҳампаймони саъудиаш бояд аз Яман низ хориҷ шаванд.

ABNA24 : Муҳаммадалӣ ал Ҳавсӣ гуфт, Амрико нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард то онҳо дар хатар набошанд, аммо лозим буд аввал амрикоиҳои мутаҷовиз аз Яман хориҷ мешуданд то касе ба хатар наафтаду субот ба минтақа боз гардад.

Вай афзуд, бо хурӯҷи охирин истеъморгари амрикоӣ аз Афғонистон, аз Амрико ва ҳампаймони саудиаш мехоҳам аз Яман низ хориҷ шаванду тарҳеро барои ақибнишинӣ аз Ҷумҳурии Яман омода кунанд то миллати Яман дар субот ва ба дур аз ишғолгарӣ зиндагӣ кунанд.

Муҳаммадалӣ ал Ҳавсӣ таъкид кард, Яман гӯристони ишғолгарон хоҳад буд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яману муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 17 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафару оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*