?>

Муовини вазири хориҷаи Эрон: Муровидоти иқтисодии Эрону Афғонистон идома дорад

Муовини вазири хориҷаи Эрон: Муровидоти иқтисодии Эрону Афғонистон идома дорад

Муовини вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, муровидоти иқтисодии Эрону Афғонистон идома дорад.

ABNA24 : Расули Муҳоҷир, муовини дипломатии иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон, гуфт, таҳаввулоти ахир дар Афғонистон тағйире дар равобити иқтисодӣ бо Эрон эҷод накарда ва муровидоти ду тараф аз тариқи марзҳо дар ҳоли анҷоом аст.

Вай афзуд, ба далели алоқае, ки дар Афғонистон ба колоҳои эронӣ вуҷӯд дорад, мубодилот пойдор будааст.

Расули Муҳоҷир ҳамчунин гуфт, муровидоти Эрону Афғонистон тақрибан аз тариқи бахши хусӯсӣ анҷом мешавад ва ҳамчунон идома пайдо мекунад.

Муҳоҷир бо ишора ба ин ки дар ҳавзаи сиёсии вазорати хориҷа талош дорад, ки дар Афғонистон оромиш барқарор кунад, таъкид кард, муровидоти иқтисодӣ бо Афғонистон ҳатто дар даврони таҳримҳо ва нооромиҳо халале надошта ва иллатҳои умдаи он фаъолияти бахши хусӯсӣ дар ин ҳавза аст.

Вай ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои вазоти хориҷаи Эрон, барои таъмини ваксинаи корона гуфт, дар масаълаи тавлиди дохил ва эҷоди таҷҳизот ва маводи аввалияи вазорати хориҷа нақши бебадиле доштааст ва дар заминаи воридоти ваксина ҳам ҳампои тавлидоти дохилӣ фаъол ҳастем.

Муҳоҷир дар бораи озод шудани дороиҳои Эрон дар Ироқ низ гуфт, музокирот бо мақомоти ироқӣ идома дорад ва гушоишҳои хубе низ сӯрат гирифтааст.

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*