?>

Мулоқотҳои дуҷонибаи Амирабдуллоҳиён бо вазирони хориҷаи 4+1 дар Нию-Йорк

Мулоқотҳои дуҷонибаи Амирабдуллоҳиён бо вазирони хориҷаи 4+1 дар Нию-Йорк

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар сафари пеши рӯйи худ ба Нию-Йорк бо вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои 4+1 дидор мекунад .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон   ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Саиди Хатибзода-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсише дар бораи сиҳҳати хабари баргузории иҷлоси 4 +1  ва чигунагии ин иҷлос таъкид кард : Бояд бубинем ин нишаст метавонад дар масири музокироти сӯдманд ва муфид бошад, ки дар он сурати тасмимгирӣ хоҳем кард, аммо акнун тасмиме дар ин бора гирифта нашудааст .

Хатибзода ҳамчунин дар бораи барномаҳои сафари Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Нию-Йорк гуфт : То кунун ҳудуди 45 дидор дар сатҳи дуҷониба бо вазирони умӯри хориҷаи кишварҳо аз қорраҳои мухталиф ва минтақа барои ин сафар тадорук дида шудааст .
Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин Амрикоро ноқизи Барҷом хонд ва таъкид кард : Амрико бояд дар мақоми иҷро тафсири якҷонибагароиро канор бигузорад ва ба таҳримҳои зиддиинсонӣ поён бидиҳад .
Хатбзода дар бораи эъломи Амрико мабнӣ бар лағви таҳримҳои носозгор бо Барҷом низ гуфт : Агар иқдомоти Амрикоро ростиозмоӣ кунем ва ( Амрико ба таъаҳҳудот амал кунад ) он вақт фазои дигаре ба вуҷуд меояд ; аз Барҷом на чизи бештар ва на чизи камтаре қобили қабул аст .
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар идома бо таъкид бар авлавияти Эрон дар равобит бо кишварҳои ҳамсоя гуфт : Тавсеъаи кишварҳои ҳамсояро тавсеъаи худамон медонем ва ҳамаи ҳамсоягон бояд бидонем масири тавсеъаву сулҳу субот масири дастҷамъӣ аст .

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар бораи барномаи Эрон барои мулоқот бо мақомоти Амрико дар рӯзҳои оянда гуфт : Хайр, барномае дар дастури кор нест.
Хатибзода дар бораи Шӯрои ҳуқуқи башар ва иқдомоташ дар баробари таҳримҳои зиддиинсонӣ алайҳи Эрон гуфт : Амрико бузургтарин ноқизи ҳуқуқ башар аст ва тамоми иқдомоташ беҷазо мондааст .

342/


Post your comments

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*